Дар донишгоҳи Денвери аёлати Колорадои Амрико нахустин баҳси рӯбарӯи номзадҳо ба интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ Барак Обама ва Митт Ромнӣ ба поён расид.Президенти демократ Обама ва рақиби ҷумҳурихоҳаш Ромнӣ тӯли 90 дақиқа рӯи масоили сиёсати дохилӣ баҳс карданд.
Дар оғози баҳс ҳарду ба масъалаи молиёт пардохтанд. Обама гуфт, ӯ кам кардани андози синфи миёнаро ваъда дода буд ва ин корро кард, чунки рушди синфи миёна асоси пешрафти Амрикост. Ӯ аз Ромнӣ интиқод кард, ки мехоҳад масрафоти низомиро зиёд кунад ва бори ин ҳамаро на ба дӯши сарватмандон, балки ба синфи миёна бор кунад. Ӯ аз ҷумла гуфт: "Имшаб суол аз ин нест, ки мо дар куҷо қарор дорем, балки ин аст, ки мо куҷо меравем.Губернатор Ромнӣ дидгоҳе дорад, ки мегӯяд, агар мо андозҳоро кам кунем, тарафи сарватмандонро бигирем ва танзимро баргардонем, рӯзи мо беҳтар хоҳад шуд. Ман назари дигар дорам."
Ромнӣ инро радд кард ва гуфт, дар аҳди Обама даромади миёнаи хонаводаҳо баръакс рӯ ба харобӣ овард. Ромнӣ ҳамчунин аз Обама интиқод кард, ки ҳарчанд коҳиши андозҳо хуб аст, вале мо набояд даромади давлатро гум кунем. Барак Обама рақибашро ба он айбдор кард, ки нақшаҳояшро аз мардум пинҳон нигоҳ медорад ва барномаашро эълон намекунад. Аммо Ромнӣ гуфт, ӯ чунин барнома дорад ки иборат аз 5 банд аст ва он, "тавре ки Обама ба қалам дод, коҳиши молиёт барои мардуми бой нест. " Ромнӣ ҳамчунин гуфт: "Президент дидгоҳе хеле монанд ба замонеро дорад, ки 4 соли пеш ба ин мақом мерафт. Яъне давлати бузургтар, масрафоти бештар, молиёти бештар, танзими бештар, ё агар шумо бихоҳед, давлати вобаста ба имтиёзи қишри доро кор хоҳад кард. Ин посухи дурусте барои Амрико нест."
Обама гуфт, ӯ дар фикри коҳиши андози ширкатҳои тавлидкунанда аст, вале на барои ширкатҳое, ки мехоҳанд тавлидоти худро ба хориҷ бикӯчонанд. Ӯ ҳамчунин аз истифодаи бештари анвоъи алтернативии энержӣ ҳимоят кард, вале гуфт, барои сармоягузорӣ дар ин ришта бояд аввал касри будҷаро кам кард.
Ромнӣ гуфт, Обама мехоҳад 90 миллиард долларро барои рушди "иқтисоди сабз" харҷ кунад, дар ҳоле ки бо ин пул метавон 2 миллион омӯзгорро ба кор таъмин кард. Ӯ аз сармоягузорӣ ба маориф ҳимоят кард ва ҳамчунин гуфт, хароҷоти низомиро кам намекунад, чунки Амрико бояд давлати қавӣ ва пешрафта боқӣ бимонад.
Ромнӣ гуфт, дар аҳди Обама нархи маводи сӯхту хӯрока ва хадамоти тиббӣ ба маротиб боло рафт ва ҳарчанд тавлиди маводи сӯхт дар Амрико афзуд, вале ин ба шарофати сиёсати Обама набуд.
Ромнӣ ҳамчунин аз ислоҳоти бимаи тиббӣ - нуқтаи меҳварии сиёсати Барак Обама ва мояи ифтихори ӯ интиқод кард ва гуфт, ин ба истилоҳ "Обамакейр" назар ба бимаи оддӣ 2500 доллар гаронтар тамом мешавад. Вале Обама бо ҳимоят аз ин ислоҳот гуфт, ин ислоҳот ба нафъи миллионҳо нафар хидмат мекунад. Ӯ ба навбаи худ аз Ромнӣ интиқод кард, ки аз манфиати қишри сарватманд ҳимоят мекунад.
Ин баҳси аввал аз се баҳсест, ки Ромнӣ ва Обама доир хоҳанд кард. Баҳси дувуми онҳо рӯзи 16 октябр дар Ню-Йорк рӯи масоили ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ тамаркуз хоҳад кард ва дар баҳси севум ва ниҳоӣ, ки 22 октябр дар Флорида доир мешавад, Обама Ромнӣ асосан ба баҳси масоили сиёсати хориҷӣ хоҳанд пардохт.
Дар ин миён рӯзи 11 октябр ноиби раисиҷумҳур Ҷо Байден ва номзад ба ноибӣ дар тими Ромнӣ – Пол Раян – низ як баҳси алоҳидаи рӯбарӯ хоҳанд дошт. Баҳси ду ноиб дар шаҳри Денвилли аёлати Кентаккӣ баргузор хоҳад шуд.
Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи 6 ноябр доир мешавад. Тибқи назарсанҷиҳо, Обама феълан нисбат ба рақибаш Ромнӣ каме бартарӣ дорад.