Ин посухи Анкара ба шиллики як хумпора аз дохили Сурия буд, ки ба як манзил дар ин сӯи марз дар мавзеъи Оқчақалъа асобат карда, мунҷар ба ҳалокати 5 нафари мулкӣ - як зан бо 4 фарзандаш шуд. Дафтари сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, нирӯҳои ин кишвар «маконҳое дар Сурияро, ки тавассути радар шиносоӣ шуд», ҳадаф қарор доданд. Ин баёния меафзояд, «Туркия ҳеҷ гоҳ чунин анвоъи иғво аз ҷониби режими Сурия алайҳи амнияти миллии моро бидуни посух нахоҳад гузошт.» Фаъолон дар марзи Сурияву Туркия ба хабаргузории ДРА гуфтаанд, ки Туркия посгоҳҳои нирӯҳои давлатии Сурияро дар минтақаи Тал-Абяз нишон гирифтааст.
Вазири хориҷаи Туркия Аҳмад Довудуғлу ин қазияро тавассути телефон бо дабири кулли СММ Бан Ки Мун ва вузарои хориҷаи чанд кишвари узви Шӯрои Амният баррасӣ кардааст. Бан Ки Мун баъдан давлати Сурияро ба эҳтироми якпорчагии кишварҳои ҳамсояаш даъват кард ва ҳушдор дод, ки низоъи 18-моҳаи Сурия ба таври афзоянда ба кишварҳои дигари минтақа асар мекунад. Бино ба хабарҳо, Довудуғлу ва дабири кулли НАТО Андерс Фоғ Расмуссен дар мавриди зарурати даъвати нишасти изтирории аъзои ин паймони низомӣ тавофуқ кардаанд. Сафирони НАТО шаби чоршанбе дар як ҷаласа дар Брюссел бо изҳори пуштибонии комил аз Анкара аз Сурия тақозо карданд, ки "аъмоли пархошгарона"-аш алайҳи узви НАТО -Туркияро билофосила бас кунад.
Муовини сарвазири Туркия Бӯлент Аринч гуфт, дар ҳоле ки ягон узви НАТО таҳти ҳамла қарор мегирад, ин паймони низомӣ “ӯҳдадориҳои рӯшан” дорад: “Ин ҳамла ба қаламрави Туркия буд ва шаҳрвандонаш ҷон бохтанд. Дар қонуни байналмилалӣ, албатта, посухи ин ҳаст. Туркия узви НАТО-ст. Бандҳои алоҳидаи қарордоди НАТО дар сурати ҳамла ба яке аз аъзояш ӯҳдадориҳоеро муқарар кардааст. Хашму ғазаб ақли моро кӯр накардааст, вале мо дар баробари чунин ҳамла ба хокамон, ки мардуми моро кушт, то охир аз ҳаққи худ дифоъ хоҳем кард.”
Матбуоти Туркия гуфт, ин кишвар тарҳи қонунеро дар қиболи Сурия омода мекунад. Туркия қаблан бо тасвиби чунин як қонун ба низомиҳо иҷозат дода буд, то ба хотири таъқиби чирикиҳои курд вориди шимоли Ироқ шаванд.
Сухангӯи Пентагон Ҷорҷ Литтл гуфт, ки Амрико вазъиятро ботаваҷҷӯҳ наззора мекунад. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон дар Вошингтон гуфт, ин шиллики хумпора аз Сурия ба хоки Туркия ӯро ба хашм овард: “Мо аз ин ки суриёиҳо дар марз тирандозӣ мекунанд, дар хашм ҳастем. Мо аз ҳалокати афрод, ки дар ҷониби Туркия рух дод, хеле муттаассиф ҳастем.”
Рӯзи сешанбе Русия НАТО ва қудратҳои дигарро алайҳи ҷустани “баҳона” барои дахолати низомӣ дар низоъи Сурия ҳушдор дода буд. Муовини вазири хориҷаи Русия Геннадий Гатилов ҳамчунин Сурия ва Туркияро, ки узви НАТО-ст, ба хештандорӣ даъват кард. Қаблан сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон Маскавро ба мамониат ба талошҳо дар СММ барои эъмоли фишор алайҳи президенти Сурия Башор Асад айбдор карда, гуфта буд, ки мавзеъгирии Маскав роҳро барои идомаи хунрезиҳо дар Сурия мекушояд.
Бо ин ҳол, дирӯз бар асари таркишҳо дар майдони Ҷаббории Ҳалаб – бузургтарин шаҳри Сурия – дастикам 31 тан кушта ва 90 тани дигар захмӣ шуданд. Давлат масъулияти инфиҷорҳо дар даври меҳмонсарои “Aleppo Palace”-ро ба дӯши бомбгузорони маргталаб бор кард. Ҳадафи ҳамлаҳо эҳтимолан як маҳфили низомии афсарон дар он наздикӣ будааст.
Вазорати дохилаи Сурия гуфт, "сиёҳкоронро дар ҳар куҷо ки бошанд, ҳамчунон таъқиб хоҳад кард." Раиси парлумони Сурия Муҳаммадҷиҳод ал-Лаҳҳом кишварҳоеро маҳкум кард, ки "алайҳи Сурия тавтиъа месозанд ва дар пушти террористҳо истодаанд."