Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи мушкил ва сарнавиштсози Гурҷистон


Қуттиҳои раъйдиҳӣ - мунтазири интихобкунандагон
Қуттиҳои раъйдиҳӣ - мунтазири интихобкунандагон

Интихоботи 1 октябр Гурҷистонро вориди низоми нави сиёсие хоҳад кард, ки дар он парлумон салоҳиятҳои бештаре дорад.

Гурҷистон имрӯз, 1 октябр, ҳайати нави парлумонашро интихоб мекунад. Ҷамъияти Гурҷистон 4,4 миллион ва раияти кишвар, яъне мардуми соҳиби ҳаққи раъйаш, 3,6 миллион нафар буда, бояд 73 вакилро дар ҳавзаҳо ва 77 вакили дигари парлумонро тавассути рӯйхатҳои ҳизбӣ интихоб кунанд. Барои касби дар маҷмӯъ 150 курсии маҷлис 14 ҳизб ва ду эътилоф мубориза мебаранд.

Вале ба бовари бисёриҳо, набарди аслӣ байни ҳизби ҳокими Ҷунбиши миллии раисиҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ ва эътилофи Орзуи Гурҷистони миллиардери гурҷӣ Бидзина Иванишвилӣ ҷараён хоҳад гирифт. Ҷунбиши миллии Саакашвилӣ 80 дарсад аз 150 курсии парлумони кунуниро дар даст дорад ва бино ба назарсанҷиҳо, дар интихоботи 1 октябр низ пешсаф аст. Вале ҷанҷоли ахири бадрафторӣ дар як зиндони воқеъ дар канори Тифлис ба обрӯи ҳизби ҳоким хеле латма зад ва шонси рақиби аслиашро баръакс боло бурд. Бисёри нозирон мегӯянд, рақобат байни ин ду ҷунбиш хеле шадид хоҳад шуд.

Мухолифин Саакашвилиро ба инҳисори қудрат ва ҳам ба кашондани кишвар ба ҷанги харобиовари соли 2008 бо Русия айбдор мекунанд.

Саакашвилӣ дар пешорӯи як корзори мушкил
Саакашвилӣ дар пешорӯи як корзори мушкил
Саакашвилӣ аммо рӯзи якшанбе дар паёми телевизиониаш дар арафаи интихобот аз мардум даъват кард, бар пояи фикр раъй диҳанд, на бар пояи эҳсосот": "Ҳамватанони азиз, фардо матни гимни мо ба як гунаи бесобиқа садо аз ҳақиқат хоҳад дод, ки озодӣ имрӯз моли мост. Фардо рӯзи масъулияти мо, баландтарин қуллаи баёни озодии мо фаро мерасад. Фардо мо бояд ба як суоли муҳим ва ҳаллкунанда посух диҳем, ки мо чӣ гуна кишваре мехоҳем дошта бошем? Гузашта аз ин, оё мо мехоҳем кишварамон бошад ё на?"

Интихоботи парлумонии 1 октябр Гурҷистонро вориди низоми нави сиёсие хоҳад кард, ки дар он парлумон ва сарвазир салоҳиятҳои бештареро касб хоҳанд кард. То кунун сарвазири Гурҷистон аз тарафи раиси ин ҷумҳурӣ пешбарӣ мешуд, вале аз ин ба баъд сарвазирро ҳизб ё эътилофе пешбарӣ хоҳад кард, ки ҳимояти аксарияти вакилони маҷлисро ба даст меорад.

Нейл Саймон
Нейл Саймон
Аммо моҷарои бадрафторӣ дар зиндони Тифлис ва мавҷи эътирозҳое, ки дар пайи ин моҷаро Гурҷистонро фаро гирифт, рӯи фазои корзори интихоботӣ ҳам соя андохтааст. Сухангӯи Маҷмаъи парлумонии САҲА Нейл Саймон дирӯз дар Тифлис гуфт, ки САҲА хостори “на дар кӯчаву хиёбонҳо, балки дар қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳалл шудани” интихоботи Гурҷистон аст: “Аз он чӣ ки мо дидем, тасвири як маъракаи хеле пуррақобат ҳосил мешавад. Нозирон ва раиси Маҷмаъи парлумонӣ аз боздошти бархе афроди марбут ба мухолифин изҳори нигаронӣ мекунанд. Мо мехоҳем ин интихобот ба оромӣ гузарад ва мехоҳем, ки интихобот дар қуттиҳои раъйдиҳӣ ҳалл шавад, на дар кӯчаҳо. Мо инҷо ба сифати қозӣ наомадаем. Мо барои қазовати натиҷаҳо наомадаем. Мо ба хотири назорати раванди интихобот дар инҷоем. Гурҷистон ӯҳдадориҳои байналмилалиеро дар чорчӯби САҲА имзо кардааст. Мо танҳо ба хотири ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расондани ин ки оё онҳо кадоме аз ин тааҳҳудотро иҷро карданду кадомашро – не, дар инҷоем ва ин ҳамаро рӯзи сешанбе гузориш хоҳем дод.”

Бино ба хабарҳо, ҷараёни интихоботи парлумони Гурҷистонро беш аз 61 000 нозир, бо шумули тақрибан 1500 нозири хориҷӣ, ки 300-аш аз САҲА ва 54 тани дигараш аз Маҷмаъи парлумонии ин созмон намояндагӣ мекунанд, назорат хоҳанд бурд. Аммо Русия, ки баъди ҷанги соли 2008 бо Гурҷистон равобити дипломатӣ надорад, ба интихоботи ин кишвар нозир нафиристодааст.
XS
SM
MD
LG