Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: "Ин видео таҳқири Амрико низ аст"


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар робита ба эътирозҳои ҷаҳони Ислом ва ҳам масъалаи Эрон паём дод.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар ифтитоҳи Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк гуфт, фурсати дар инзивоъ гузоштани афроде фаро расидааст, ки адоват ба Амрикову Ғарб ва Исроилро дар меҳвари сиёсати худ қарор медиҳанд.

Обама гуфт, видеои зиддимусалмоние, ки мавҷи хушунатҳо дар ҷаҳони Исломро барангехт, на фақат тавҳин ба мусалмонҳо, балки тавҳин ба Амрико ҳам ҳаст. Аммо ба ақидаи ӯ, ҳамлаҳои ду ҳафтаи охир нафақат Амрико, балки он арзишҳоеро ҳам ба ҳадаф доштанд, ки СММ рӯи он бино шудааст.

Раисиҷумҳури Амрико гуфт: "Ман ошкоро гуфтаам, ки ҳукумати Иёлоти Муттаҳида бо ин видео ҳеҷ рабте надорад ва ман мутмаинам, ки паёми ин видео бояд аз тарафи ҳамаи онҳое рад шавад, ки инсонигарии ҳамаи моро эҳтиром мекунад. Ин на танҳо таҳқири мусулмонон, балки таҳқири Амрико низ аст ва шаҳре берун аз ин деворҳо ба таври рӯшан нишон медиҳад, ки мо кишваре ҳастем, ки аз афроди ҳама гуна нажоду динҳо истиқбол мекунем."

Бо пахш шудани таблиғи филме, ки ба таври хусусӣ бардошта шуда, "Бегуноҳии мусалмонон" ном дорад, дар эътирозҳои хушунатомези ҷаҳони Ислом ва гирдиҳамоиҳои назди сафоратҳои Иёлоти Муттаҳида зиёда аз 30 нафар кушта шуданд.

Президенти Амрико ҳамчунин гуфт, режими Башор Асад дар Сурия бояд поён биёбад ва фурсати ҳалли дипломатии баҳси ҳастаии Эрон низ “бепоён нест.” Вай афзуд, "умри режими Асад ва ҳамчунон машаққати мардуми Сурия бояд ба поён расанд ва субҳи наве битавонад оғоз биёбад." Обама Эронро ба он айбдор кард, ки режими Асадро шердил ва шиддатҳои дигареро дар ҷаҳон ангезиш медиҳад.

Барак Обама ба Созмони Милал гуфт, барои ҳалли бӯҳрони марбут ба барномаи ҳастаии Эрон бо шеваҳои дипломатӣ низ вақт беохир нест. Вай илова кард, ки Иёлоти Муттаҳида ҳаққи кишварҳоро ба нерӯҳои сулҳомези ҳастаӣ эътироф мекунад, аммо Эрони мусаллаҳ бо силоҳи ҳастаӣ "ба бақои Исроил, амнияти кишварҳои Халиҷ ва эътидоли иқтисоди ҷаҳонӣ таҳдид мекунад."
XS
SM
MD
LG