Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳодатнома барои ширу гӯшти ҳайвоноти хонагӣ


Акнун сокинони Кӯлоб ҳайвоноти хонагии худ ва ё гӯшту шири онро бидуни шаҳодатномаи бойторӣ фурӯхта наметавонанд.

Тайи як моҳи ахир дар Кӯлоб доштани шаҳодатномаи байторӣ ҷиддӣ назорат мешавад ва сокиноне, ки бидуни он ширу гӯшт ё ҳайвони зинда мефурӯшанд, ҷарима мешаванд.

Кормандони Идораи байторӣ аз фурӯшандагони ҳайвоноти зинда, фурӯшандагони гӯшт ва шир дар бозорҳо шаҳодатномаи байторӣ, ки дар он солимии ҳайвонот ва надоштани бемориҳои сироятӣ аз қабили силу буғумдард, сабт шудааст, суроғ мекунанд.

Абдуалим Шоҳҳусайнов, сардори Идораи байторӣ дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, афзоиши бемории буғумдард, ки аксаран аз ҳисоби ҳайвонот ба воситаи шир ё гӯшт ба инсон мегузарад, боис ба чунин тасмим гаштааст. Шоҳусайнов афзуд, тайи як соли ахир беш аз 200 сокини минтақа бори аввал ҳамчун гирифтори бемории буғумдард дар беморхонаҳо сабт шудаанд, ки аксаран аз ҳисоби истеъмоли гӯшту шири ҳайвони гирифтори чунин беморӣ ба ин ҳол афтодаанд.

Аммо ӯ мегӯяд, ҳанӯз на ҳамаи сокинон ба муҳимияти гирифтани "шаҳодатномаи байторӣ" сарфаҳм рафтаанд: "Барои ҳамин, мо аз сокинон ҷиддӣ хоҳиш мекунем, шаҳодатномаи бойторӣ дошта бошанд. Дар ин шаҳодатнома рӯзҳои эмкунӣ, чи касал доштан ва кай сиҳат ёфтани ҳайвон сабт ёфтааст. Ин пеш аз ҳама барои сокинон манфиатовар аст. Ба ғайри мо ҳам, худи харидорони ҳайвони зинда ва гӯшту шир ҳам ин шаҳодатномаро бояд бипурсанд. Агар ҳама ҳайвони худро аз назорати бойтор гузаронад, касалиҳои брутселёз бовар дорам, кам мешавад."

Шоҳусайнов мегӯяд, дар ин кор бояд ба онҳо нозирони минтақавӣ ва кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) низ кӯмак кунанд, то ҳайвоноти бемор берун аз минтақа нараванд. Аммо сокинон ба фаъолияти Идораи бойторӣ ва таъмини шаҳодатномаи бойторӣ бо назари шубҳа менигаранд. Насриддин Гулмадов, як сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, даҳҳо бор ҳайвоноти худро эм гузаронидааст, вале пас аз эмкунӣ ҳам онҳо гирифтори беморӣ шудаанд. Ӯ афзуд, "эм мегузаронем, вале мебинем, ки боз касал шуданд. Маълум шуд, ки доруҳои кӯҳнаро савдо мекунанд ва онҳо ҳеҷ фоидае намеоранд. Аз ин рӯ, аз баҳри духтурони ҳайвонот ва доруву дармони онҳо гузаштаам."

Муродбегим Сафарова, як сокини дигари Кӯлоб, мегӯяд, ин ҳам як роҳи пулкоркунист, ки кормандони Идораи байторӣ баровардаанд: "Пул кор кардан мехоҳанд, ягон нафараш парвои ҳайвонот надоранд. Сад бор барои сӯзандорӯ гузаронидани як гов ё буз меравӣ, касе пешат намеояд. Пули бисёр талаб мекунанд ва дар бисёр вақт касе ҳам барои доругузаронӣ розӣ намешавад."

Аммо Абдуалим Шоҳусайнов, сардори Идораи байтории минтақа, ин ҳама гуфтаҳоро бепоя мехонад. Ӯ мегӯяд, кормандони ин Идора аз таъмини шаҳодатнома ҳеҷ манфиати молӣ намебинанд ва ин ҳама танҳо ба хотири сиҳатии омма амалӣ мешавад: "Шахсан маро виҷдонам азоб медиҳад, вақте бар зарари мардум кор мешавад. Ҳеҷ вақт ба зарари мардум кор накардаам. Бемориҳои ҳайвонот хатари калон аст ва бояд онро пешгирӣ кунем. Оовзаҳо ҳастанд, ки мо шаҳодатномаро носанҷида ҳам медиҳем, аммо ин дурӯғ аст ва мо ин қадар бевиҷдон ҳам нестем."

Доштани шаҳодатномаи бойторӣ ба соҳибони ҳайвоноти хонагӣ дар ҳоле ҳатмӣ шудааст, ки соле даҳҳо сокин дар минтақаи Кӯлоб ба бемории сӯхтанӣ ва буғумдард, ки аз ҳайвонот мегузаранд, гирифтор мешаванд. Давоми як моҳи ахир беш аз дусад сокини минтақаи Кӯлоб барои ҳайвоноти худ шаҳодатномаи бойторӣ гирифтааст, ки ба гуфтаи масъулин ин хеле кам мебошад.
XS
SM
MD
LG