Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси саросарии чорво


Идораи байтории минтақаи Рашт сар аз моҳи июни соли равон ташхиси сил ва марази буғумдарди чорворо шурӯъ мекунад.

Саидмурод Ваҳҳобов, масъули ин ниҳод дар ноҳияи Рашт, мегӯяд, чунин як ташхиси саросарӣ дар ду даҳсолаи ахир дар ин водӣ барои аввалин бор сурат мегирад.

Ҷаноби Ваҳҳобов гуфт, ба зери пӯсти ҳар як чорвои хонагӣ маҳлуле бо номи антиген гузаронида шуда, пас аз се рӯз сиҳат ва ё бемор будани чорво муайян мешавад ва дар сурати ошкор шудан чорвои гирифтори беморӣ нобуд карда мешавад. Саидмурод Ваҳҳобов мегӯяд, бояд мардум фаъол бошанд ва чорвои худро ба ташхисгоҳҳо, ки дар ҳар як деҳа таъсис мешавад, биёваранд.

Ин дар ҳолест, ки ҳодисаҳои сироятёбии одамон ба бемории буғумдард аз чорвои хонагӣ дар минтақаи Рашт зиёд мушоҳида шудааст. Мунавваршо Ҳусейнов, як сокини ҷамоати Ҳиҷборак, мегӯяд, ӯ ва ҳама аъзои хонаводааш аз бемории буғумдард ранҷ мекашанд, ки аз ҳайвони бемор сироят ёфтаанд ва аммо барои табобати дуруст маблағ надоранд.

Аҳмадҷон Шарофов, мудири шӯъбаи амрози сили бемористони Рашт, ба сил мубтало шудан аз чорвои беморро рад намекунад. Вай гуфт, дар бархе ҳолатҳо барангезандаи сил метавонад аз ҳайвони бемор ба инсон гузарад.

Пизишкони силшинос ва бурселёз мегӯянд, ин амроз сироятӣ буда барои одамон пайомадҳои нохуб дорад. Ҳарчанд шумори гирифторони бурселёз дар минтақаи Рашт дар муқоиса ба солҳои пешин коҳиш доштааст, вале теъдоди маризони сил афзудааст, зеро, ба гуфтаи табибони ин ноҳия, ҳамасола аз 70 то 75 бемори нави сил ба қайд гирифта мешаванд.
XS
SM
MD
LG