Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Павел Грачев аз илтиҳоби мағз даргузашт


Вазорати дифои Русия сабаби марги собиқ вазири дифои ин кишвар Павел Грачёвро шарҳ дод.

Ба гуфтаи вазорати дифои Русия, Грачёв дар таърихи 23 сентябр, дар синни 65-солагӣ, дар бемористони ҳарбии вазорати дифоъ аз маризии “менингоэнцефалит” ё таби мағзӣ фавтид.

Маълум нест, Павел Грачёв чигуна ба ин маризӣ гирифтор шуд. Ҳоло мутахассисони бемористони марказии ба номи Вишневский ба ин суол посух меҷӯянд.

Табибони бемористон гуфтаанд, ин маризӣ метавонад хусусияти сироятӣ дошта бошад ва ҳамчунин дар пайи ҳассоият ё аллергия низ ба мағзи инсон асар кунад. Ба қавли мутахассисон, сабаби аслии пайдоиши маризиро танҳо баъди ташхиси комил эълон мекунанд.

Грачёвро 11 рӯз пеш бо аломатҳои хунрезии мағзӣ аз хонаи шаҳриаш ба бемористон оварданд. Баъд аз табобати шадид ва каме беҳбудӣ, қарор буд, ӯ аз палатаи эҳё ё реаниматсионӣ ба утоқи маъмулӣ кӯчонида шавад. Аммо беҳбудӣ муваққатӣ будааст ва Павел Грачёв рӯзи якшанбе аз дунё гузашт.

Аммо шӯҳрати ӯ на ба ҷанги Тоҷикистон, балки бештар ба таҳаввулоти августи соли 1991 рабт мегирад. Ӯ бо дастури ГКЧП- гурӯҳи раҳбарони табаддулоти зидди давлати президенти вақти Шӯравӣ Михаил Горбачёв ба Маскав нирӯ ворид кард, аммо ба зудӣ ба тарафи раисиҷумҳури Русия Борис Елтсин гузашт. Дар ҳоле ки ӯ борҳо аз сиёсат дур нигаҳ доштани артишро таъкид мекард, вале аз Борис Елцин пуштибонӣ намуд. Павел Грачев ҳамчун генерали муваффақ дар ҷангҳои Афғонистон, вале ҳамчун раҳбари низомии номуваффақ дар ҷанги аввали Чеченистон шӯҳрат дошт. Онҳое, ки бо павел Грачёв наздиктар буданд, мегӯянд, ки ӯ ҳамеша мухолифи ворид намудани нирӯ ба Чеченистон буд.
XS
SM
MD
LG