Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи парламентии Беларус қонунӣ эълон шуд


Александр Лукашенко-президенти Беларус
Александр Лукашенко-президенти Беларус
Рӯзи якшанбе баъди овоздиҳӣ дар Минск президенти Беларус Александр Лукашенко ба рӯзноманигорон гуфт, ӯ умед дорад, ки равобити кишвараш бо мамолики ғарбӣ беҳбуд хоҳад ёфт. Лукашенко ба нозирони байналмилалӣ гуфт, онҳо бояд “ташкили интихоботро аз Беларус омӯзанд.” Дар ҳавзаи интихоботӣ баъди овоздиҳӣ Лукашенко
гуфт:
"Агар ин дафъа ҳам касе дар интихоби мардуми Беларус шубҳа пайдо кунад, пас ман намедонам, аз рӯи кадом меъёрҳо мо интихобот гузаронем."
Ду ҳизби асосии мухолифи ҳукумати Беларус интихоботи парламентии рӯзи якшанберо бойкот кардаанд. Аммо нисфрӯзии якшанбе комиссияи марказии интихоботи Беларус эълон кард, ки аллакай беш аз 50 дар сади раъйдиҳандгон дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд ва аз ин рӯ, интихобот қонунӣ дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG