Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини ҷоиза барои қатли муаллифи филми тавҳиномез


Тазоҳурот алайҳи филми зиддиисломӣ дар шаҳри Карочии Покистон.
Тазоҳурот алайҳи филми зиддиисломӣ дар шаҳри Карочии Покистон.

Як вазир дар ҳукумати федеролии Покистон ба қотили муаллифи филми зиддиисломӣ 100 ҳазор доллар ҷоиза ваъда додааст.

Рӯзи шанбе вазири роҳҳои оҳани Покистон Ғулом Аҳмад Билор (Ghulam Ahmed Bilour) ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳозир аст ба қотили филми тавҳинкунандаи пайғамбари дини ислом аз ҷайби худ ҷоиза диҳад: “Ман имрӯз эълон мекунам, ки ин куфргӯй ба пайғамбари муқаддас тавҳин овардааст ва агар касе ӯро қатл кунад, ман ба вай 100 ҳазор доллар ҷоиза медиҳам.”

Билор Толибону ал-Қоидаро ба татбиқи ин амали ба қавли ӯ шариф даъват кард.
Вазири покистонӣ аз кишварҳои олам даъват кард, ки бар зидди тавҳини пайғамбари ислом қонун қабул кунанд, зеро агар онҳо ин амалро иҷро накунанд, ояндаи онҳо пурхатар хоҳад буд.

Ҳизби Awamy National Party, ки дар эътилофи ҳоким узвият дорад, гуфтааст, ки ин мавқеи шахсии Билор аст. Дар айни замон ин ҳизб таъкид кардааст, ки бар зидди Билор ҳеҷ иқдоме пиёда нахоҳад кард.

Як филми хусусӣ, ки дар ИМА истеҳсол шудааст, боиси эътирозҳои хунин дар саросари олами ислом гардидааст. Аз замони аввалин гирдиҳамоии эътирозӣ дар таърихи 11-уми сентябр то имрӯз камаш 50 нафар кушта шудаанд.

Бар илова ҳафтаи равон як маҷаллаи фаронсавӣ карикатураҳои пайғамбар Муҳаммадро нашр намуда, ғазаби мусулмононро бештар намуд.

Як рӯз пеш аз изҳороти Билор дар саросари Покистон эътироз бар зидди филми “Бегуноҳии мусулмонон барпо шуд, ки дар он камаш 20 нафар ба ҳалокат расиданд.
Накуола Басилей Накуола, ки муаллифи филми “Бегуноҳии мусулмонон” ба шумор меравад, аз назари мардум пинҳон шудааст.
XS
SM
MD
LG