Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

USAID баъд аз 20 сол Русияро тарк мекунад


Оҷонси рушди байналмилалии Амрико ва ё USAID баъди 20 соли фаъолият дар Русия, ба кори худ дар ин кишвар хотима медиҳад.

Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфт, қарори ҳукумати Русия дар бораи хотимаи фаъолияти USAID ба онҳо расидааст, ки барномаҳо барои рушди иқтисодӣ ва умури идорӣ дар саросари дунё амалӣ мекунад.

Виктория Нуланд гуфт, “бо вуҷуди хотимаи фаъолияти USAID дар Русия, Иёлоти Муттаҳида ба аҳдаш барои ҳимоят аз демократия, риояти ҳуқуқи инсон ва рушди ҷомеаи мадании қавитар дар Русия содиқ мемонад.“ Оҷонси Рушди Байналмилалии Амрико мегӯяд, аз соли 1992 то кунун барои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Русия 2 миллиарду 600 миллион доллар сарф кардааст.

Дар Русия моҳи июл қонуни баҳсбарангезе қабул шуд,ки бар пояи он, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд ҳамчун "агенти хориҷӣ" муаррифӣ хоҳанд шуд.

Бар асоси ин қонун, ки Шӯрои Федератсияи, палатаи болоии Думаи Давлатии Русия авоили моҳи июл тасвиб кард ва раиси ҷумҳур Владимир Путин рӯзи 21-уми июл онро имзо намуд, назорат бар созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин кишвар бештар мешавад ва онҳо бояд ҳар се моҳ, доир ба харҷу дахли худ ба мақомот гузориш диҳанд. Гузашта аз ин мақомоти расмӣ ҳақ хоҳанд дошт, ки мунтазам ва ногаҳон барои тафтиш ба дафтарҳои ин созмонҳои ғайриҳукуматӣ биёянд. Дар сурати нақзи ин қонун, гунаҳкорон ҷаримаи бузург ва ё ҳатто зиндонӣ хоҳанд шуд.

Қонун дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматӣ мояи нигаронии амиқи муборизони ҳуқуқ дар Русия шудааст ва онҳо мегӯянд, мақомот бо ҳамин роҳ созмонҳои ғайриҳукуматиеро, ки аз сиёсат ва амалкардҳои ҳукумат интиқод мекунанд, зери фишор қарор медиҳад. Дар Русия, таври маълум, “агенти хориҷӣ” ба маънии ҷосуси хориҷӣ фаҳмида мешавад. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқ ин қонун на ба ҳама созмонҳои ғайридавлатӣ, балки танҳо ба он созмонҳое дахл дорад, ки ба ҳукумати Русия писанд нестанд.

Мунтақидони ҳукумати Русия, қонуни мазкурро идомаи саркӯбии эътирозҳои оммавӣ хондаанд, ки бо бозгашти Владимир Путин ба қудрат ва шурӯъи даври сеюуми раҳбарии ӯ бештар шуд. Вазорати умури хориҷии Амрико моҳи июл аз қонуни нав дар бораи созмонҳои ғайриҳукуматии Русия нигарони карда буд, вале Маскав инро дахолат ба умури дохилии Русия хонд. Иттиҳодияи Аврупо низ ин санадро интиқод кардааст.
XS
SM
MD
LG