Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмон тарҳи Кодекси нави андозро имзо кард


Раисиҷумҳури Тоҷикистон тарҳи Кодекси нави андозро, ки қаблан Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расонда буд, имзо кардааст.

Имрӯз, 17-уми сентябр, Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон тарҳи Кодекси нави андози кишварро имзо гузоштааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон бо пахши ин хабар гуфт, ин кодекс "ҷавобгӯи шароити кунунии иҷтимоию иқтисодии кишвар буда, сабукӣ ва имтиёзҳои дар он пешбинишаванда барои боз ҳам мусоидтар гардидани фазои иқтисодии кишвар ва ҷалби сармоягузорӣ заминаи мустаҳками меъёрии ҳуқуқиро фароҳам месозад."

Қаблан, рӯзи панҷуми сентябр, вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси нави андозро бидуни ягон тағйиру илова қабул карданд. Танҳо се нафар аз ин вакилон бар зидди ин тарҳ раъй дода буданд. Баъдан аъзои Маҷлиси миллӣ низ аз ин тарҳ пуштибонӣ кард.

Қабули Кодекси нави андози Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар гузашта доираи васеи соҳибкорон аз он интиқод карда буданд. Барномаи рушди Созмони Милал ҳам бо анҷоми як таҳқиқот лоиҳаи онро пур аз камбудиҳои ҷиддӣ хонд. Дар пажӯҳиши ин созмон, ки ахиран нашр шуд, омадааст, ба ин шакл тасвиб шудани тарҳи Кодекси нави андоз "сарбории бе ин ҳам болои андозро, ки ба рушди иқтисодиёт асари манфӣ мерасонад, бештар хоҳад кард" ва соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди кишвар, аз ҷумла "мухобироту саноат" рӯ ба рукуд хоҳанд овард.

Тарҳи Кодекси нави андози Тоҷикистон бо исрори созмонҳои байналмилалии молӣ сар аз соли гузашта омода шудааст. Дар маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон дар охири моҳи июни соли ҷорӣ таҳти роҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, пас аз баррасии лоиҳаи нави Кодекси андоз қарор шуд, коҳишҳои ночизи андоз, ки тарҳи нав муқаррар кардааст, то соли 2017-ум тадриҷан роҳандозӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG