Дар кори ин иҷлосия МН, ки рӯзи 5 сентябр баргузор шуд, бар изофаи вакилони парлумон, ҳамчунин вазирони блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ва муовини аввали сарвазири ин кишвар ширкат доштанд.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси андозро барои вакилон шарҳ дод. Ин лоиҳа, ки ба гуфтаи дастандаркорони он бо дарназардошти фикру пешниҳодҳои созмонҳои молиявии байналмилалӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносону мутахассисон таҳия шудааст, барои рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат карда ва хеле аз мушкилоти мавҷуда дар роҳи андозбандӣ ва андозситониро аз байн мебарад.
Аммо бо ин вуҷуд бархе аз коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд, ки бо қабули ин Кодекс мушкилоти андозсупорандаҳо коҳиш наёфта, баракс бештар мешавад. Барои мисол мегӯянд ин коршиносон, Кодекси нав соҳаи мухобироти кишварро дучори мушкил хоҳад кард.
Дар ҳошияи иҷлосияи ғайринавбатии парлумон, хабарнигори Озодӣ гуфтугӯе дошт бо Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи ин кишвар ва нахуст аз ӯ таъсири ин Кодексро ба соҳаи мухобирот ва коммуникасияи кишвар пурсид:
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Андози аксизӣ барои ширкатҳои мобилӣ ба рушди онҳо ягон халале нарасонидааст. Мӯҳлати тӯлонӣ аст, ки ин муқаррарот амалӣ мешавад ва кадом масъала ва ё мушкилоти иловагӣ дар ин бора пайдо нашудааст. Мо ҳамон қарордодро нигоҳ доштаем. Пешниҳодҳо буд, ки баръакс муқаррароти мавҷударо бештар намоем. Аммо мо дар ҳамон сатҳ нигоҳ доштаем. Инҷо ягон масъалаи дигар нест.
Озодӣ: Ҷаноби вазир, гуфта мешавад, ки меъёри андози иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил болост. Далели ин амр чӣ буда метавонад?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Далелаш он, ки системаи мо дигар аст. Мо ҳам дар ин замина ислоҳот гузаронида истодаем ва ин мушкилӣ солҳои наздик ҳал хоҳад шуд. Дар пайи анҷоми ин ислоҳот, меъёри андозҳои иҷтимоӣ барои таъйини нафақа поин фароварда мешавад. Умуман, мо дар оянда ба низоми суғуртаи иҷтимоӣ мегузарем, на ба андози иҷтимоӣ. Он аз се қисм иборат аст:-суғуртаи заминавӣ, ки онро ҳукумат муқаррар ва таъйин мекунад, дуввум суғуртаи ҳатмӣ, ки онро шаҳрванд:- корфармо ё коргар таъйин мекунад, яъне аз ҳисоби пасандоз муайян мешавад ва ниҳоят нафақа барои хидматҳои шоён. Нафақа барои хидматҳои шоёнро ҳукумати Тоҷикистон аз бюҷеташ пардохт мекунад. Дар ин ҳолат он 25 фоизи андози иҷтимоӣ, ки гуфтед аз байн меравад.
Озодӣ: Яъне камтар мешавад?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Камтар мешавад. Шояд дар ҳудуди 3, 5 ва ё 6 фоиз шавад. Инро он вақт муайян мекунем. Ин кори оянда аст.
Озодӣ: Гуфта мешавад баъди қабули Кодекси нави андоз, корфармо ва кордеҳ дучори мушкил мешаванд. Ба ин хотир, ки тақрибан то нисфи хароҷоти як коргарро корфармо пардохт мекунад. Барои мисол, агар як коргарро бо маоши 800 доллар ба кор ҷалб кунад, тақрибан 300 доллари он сарфи андозҳои гуногун мешудааст?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Имрӯз лоиҳаи Кодекси андози Тоҷикистон ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод шуд ва он баъди баррасӣ қабул гардид. Дар он тағйиротҳои хеле зиёд оиди дастгирии соҳибкорон ва истеҳсолкунандаи ватанӣ низ пешниҳод шудааст. Мо дар маҷмӯъ оиди кам намудани шумораи андозҳо, паст намудани меъёрҳои андозҳо, аз байн бурдани ҳар хел мушкилоте, ки мавҷуд буд аз ҷумла андозбандиҳои такрорӣ, чораҳои мушаххас андешидем. Масалан, андозбандиҳои такрорӣ аз байн бардошта шуданд. Ин тағйирот барои корфармоҳо шароити хуб фароҳам мекунад. Ман фикр мекунам, бо қабули Кодекси нави андоз, корфармо шароити ниҳоят хубро ба даст овард. Зеро аз ҳисоби кам кардани андозҳо ба фоидаи корхонаҳо, ташкилот ва корфармоҳо аз 800 то 850 миллион сомонӣ монда мешавад, ки барои рушди онҳо дар оянда мусоидат хоҳад кард. Мо дар ин Кодекс ба ду масъалаи муҳим:- оиди сиёсати андоз, яъне кам ё мутобиқ намудан ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва дигар маъмурикунонии андоз диққати махсус додем. Бубинед, ки дар доираи ин Кодекс зиёда аз шаст дар сад эъломияҳо кам мешавад. Ҳозир ҳисоботи андозу гумрук тавассути хидматрасонии электронӣ ба роҳ монда мешавад. Акнун шумори санҷишҳо қариб, ки манъ ва мӯҳлаташон ҳам бамаротиб кам карда шудааст ва то иҷозати махсус набошад он (санҷиш) гузаронида намешавад
Озодӣ: Чаро дар Кодекси андоз пахта ва алюминий дар як модда нишон дода шудааст?
Сафаралӣ Наҷмиддинов: Инҷо ягон чизе нест. Пештар ҳар кадоми онҳо алоҳида буд. Лекин мафҳум ва мақсади онҳо як аст. Барои ҳамин якҷоя кардем. Пеш барои алюминий то 25 дарсад андоз муқаррар шуда буд. Онро мо ба 20, сипас ба 15 ва баъдан ба 10 фоиз поин овардем. Дертар алюминийро се ва пахтаро 10 дар сад таъйин кардем. Лекин чун имрӯз онҳо як намуди андозанд, онҳоро якҷоя кардем. Аммо меъёрҳо чи хеле, ки пештар буд, ҳамон хел истодааст.