Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама гуфт, "ин қурбонӣ фаромӯш нахоҳад шуд"


Эътирозҳо бар зидди филми "Мусалмонони бегуноҳ", ки дар он паёмбари ислом масхара шудааст, ҳамоно идома дорад.

Дар раҳпаймоиҳои эътирозии назди сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Қоҳираи Миср, ки рӯзи ҷумъа оғоз ёфта, рӯзи шанбе идома дошт, ҳадди ақал як нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Умуман, раҳпаймоиҳои ахир дар тақрибан 20 кишвари минтақаи Ховари Миёна ва ҷанубу шарқи Осиё ҳаёти камаш 4 эътирозгарро аз байн бурдаанд. Аксари раҳпаймоиҳо ба таври осоишта шурӯъ шуда, сипас ба бархӯрд бо нерӯҳои амниятӣ табдил ёфтаанд.

Хушунат беш аз ҷойҳои дигар дар Тунис ва Судон ба қайд гирифта шуд. Дар ҳоле ки издиҳоми бузурги эътирозгарон сафорати Амрико дар шаҳри Санъои Яманро иҳота карда буд, ба ин кишвар гурӯҳи хоси сарбозони баҳрии Амрико фиристода шуд.

Дар ин байн ҷасади сафир ва се дипломати амрикоӣ, ки ҳафтаи равон дар Либия кушта шуданд, ба Иёлоти Муттаҳида интиқол ёфтаанд. Дар пойгоҳи ҳавоии канори шаҳри Вашингтон президент Барак Обама гуфт, масъулони ҳамла болои консулгарии Амрико дар Бенғозӣ, ки боис ба фавти сафири Крис Стивенс ва се дипломати дигари амрикоӣ гардид, ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

“Ба Шумо, аҳли оилаатон ва ҳамкоронатон ба ҳамаи амрикоиҳо гуфтаниам, ки ин қурбонӣ фаромӯш нахоҳад шуд. Мо қотилонро ба муҷозот хоҳем кашид",-афзуд ӯ.

Дар Теҳрон раҳбари олии Ҷумҳурии исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ аз Амрико даъват кард, ки тавлидкунандагони филми зидди исломиро муҷозот намояд. Маъмурияти президент Обама филми "Мусалмонони бегуноҳ", ки дар он ба паёмбари ислом Муҳаммад тавҳин мешавад, маҳкум кардааст.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG