Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Кремлин ба "Марши миллионҳо" омода шудаанд


“Марши Милионҳо” фардо баргузор мешавад ва то дирӯз ҳудудан 20 ҳазор корбарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз иштироки худ ин маърака дарак додаанд.

Дар остонаи баргузории “Марши миллонҳо” дар Русия ходимони Маркази Мутолеоти Стратегии ин кишвар бурузи як бӯҳрони бебозгашти сиёсиро пешгӯи карданд. Ин созмон, ки дар гузашта мавҷи тазоҳуроти шаҳрвандонро дақиқан пешгӯи карда буд, акнун мегӯяд, бо бархӯрде, ки мақомот ба ислоҳоти иҷтимоӣ доранд, ки Русияро таконҳои ҷиддии сиёсӣ дар пеш аст.

Гуфта мешавад, ки намояндагони баъзе аҳзоби сиёсӣ, бо шумули ҳизби коммунист гуфтаанд, бо талабҳои иҷтимоӣ ба “Марши Милионҳо” ҳамроҳ хоҳанд шуд. Тазоҳруоти Маскав соати 2-и рӯз шурӯъ мешавад ва то соати 10-и шаб идома мекунад. Дар ҳамин ҳол Маркази Мутолеоти Стратегии Русия гуфтааст, дар ҳоле, ки эътибори ҳукумат дар байни шаҳрвандон рӯ ба коҳиш овардааст, мақомот қарорҳои носанҷидаи радикалӣ қабул мекунанд ва мизони хатарро бештар мекунанд.

Дар ин авохир бунгоҳҳои назарсанҷии Русия аз коҳиши собити эътимоди мардум ба ҳукумати Русия гузориш доданд. Ҳоло 24 дарсади шаҳрвандон ба президенти Русия Владимир Путин эътимод надоранд. Мизони нобоварӣ дар гузашта аз 17 дарсад боло набуд ва агар ин тамоюл идома кунад то охири сол 30 дарсади шаҳрвандон эътимод ба Путинро аз даст хоҳанд дод.

Марказҳои пурсиши афкори умум мегӯянд, бо он ки ҳукумат то рафт маъруфияти худро аз даст медихад, вале боз ҳам аз ибтикорҳои родикалӣ ва озмоишҳои иҷтимоӣ даст накашидааст. Агар дар оғоз рӯҳияи эътирозии як бахши аҳолӣ танҳо ба талаби ислоҳоти сиёсӣ маҳдуд мешуд, акнун бештар талабҳои ислоҳоти иҷтимоӣ матраҳ мешаванд.

Мутахассисони соҳаи иқтисод мегӯянд, ин пеш аз ҳама ба “ислоҳоти нафақа” марбут мешавад, ки моҳи июн аз тарафи вазорати меҳнат ва ҳимояи иҷтимоии Русия пешниҳод шуд. Ин пешниҳод ба сурати умум на ҳаққи бознишастагиро бештар мекунад ва на ҳимояи иҷтимоии мардумро. Танҳо тозагие, ки ба ин тарҳ ворид шудааст, дигар шудани сохтори муҳосиботи мутақобила миёни буҷа ва фонди бознишастагӣ аст. Яъне додугирифт байни ин ду ниҳод.

Коршиносон даст задан ба чунин “озмоишҳои иҷтимоӣ” дар шароити поён рафтани обрӯи ҳукуматро тамоюли барои Кремлин хатарнок мешуморанд.

Тавре матбуоти Русия навиштааст, ин қадамҳои ҳукумат пойгоҳи иҷтимоии этирозҳоро васеътар кардааст. Агар аз шурӯи ҷумбиши эътирозгарон талабот танҳо дар доираи масоили сиёсӣ маҳдуд мешуд, ҳоло барои аввалин бор талаботи иҷтимоиву иқтисодӣ ба рӯйхати “марши миллионҳо” ворид шудааст.

Муаллифи доман задани масоили иҷтимоиву иқтисодӣ, Сергей Удасов, ҳамонҳангсози Ҷабҳаи чапи Русия аст. Сиёсатшиносон мегӯянд, талаботи иҷтимоӣ домани тазоҳуротро ба минтақаҳо паҳн мекунад ва сафи эътирозгаронро афзоиш медиҳад.
XS
SM
MD
LG