Сайид Абдуллоев, раҳбари Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов мегӯяд, "Рустам ва Сӯҳроб" ба далели асари миллӣ буданаш барои ширкат дар ин ҷашнвора интихоб шудааст. Ӯ дар сӯҳбат бо мо афзуд, “пеш аз он ки мо бо намояндаи фестивал гуфтушунид мекунем, онҳо ба мо мегӯянд, фиттаи спектакл (намоишнома)-ҳоятонро равон кунед. Мо се-чор фиттаро равон мекунем. Онҷо аз ҳамон се-чорто яктоашро интихоб менамоянд ва ба мо, ба номи вазири фарҳанг, даъватнома мефиристанд. Онҳо бештар асарҳои миллиро мепарастанд.”
Ин намоишнома аз сӯи коргардон Султон Усмонов ҳанӯз чанд сол пеш рӯи саҳна омада буд ва қаблан дар Эрону Русия ва чанд кишвари дигар низ намоиш дода шуд. Аммо чаро "Рустам ва Сӯҳроб"? Нур Табаров, драмматург ва ҳунаршиноси тоҷик, мегӯяд, ин намоишнома аз беҳтарин дастовардҳои театрӣ дар Тоҷикистон аст ва хеле олӣ саҳнагузорӣ шудааст: “Асарҳое, ки ҳамаҷониба хубу сара барояд, бисёр камёфтанд. Намоишномаи "Рустам ва Суҳроб" низ аз ҷумлаи чунин асарҳост."
Барзу Абдураззоқов, коргардони тоҷик мегӯяд, театри тоҷик бо он ки дар чанд соли ахир намоишномаҳои зиёдеро рӯи саҳна овардааст, аммо фақат чанд намоишро метавон шоҳасар ё ба истилоҳ "шедевр" номид. Ӯ мӯътақид аст, "Рустам ва Сӯҳроб" низ аз ҷумлаи чунин шоҳасарҳост, ки бинандаи дохил ва хориҷро тасхир мекунад: "Баъд аз “Юсуфи гумгашта”-и Фаррух, баъд аз "Антигона", баъд аз "Девонагӣ. Соли 93" бубинед, ки дар муддати 20 сол се-чор намоиш ҳаст, ки мо метавонем пешниҳод кунем. Аммо ғайр аз инҳо намоишҳо зиёданд. Масалан, баъзе намоишҳое ҳастанд, ки қатъиян дар инҷо ҳам онҳоро намоиш додан мумкин нест. Чунки сатҳи онҳо хеле ва хеле паст аст. Аз тарафи дигар агар мо интизор шавем, ки кай намоиши хуб мебарояд, умуман театрро бастан даркор. Зеро шоҳасарҳо на ҳар рӯз тавлид мешаванд.”
Соҳибназарон яке аз сабабҳои кам будани шоҳасарҳои театриро дар камбуди драмматургҳо ва коргардонҳои ҳирфаӣ арзёбӣ мекунанд. Султон Усмонов, коргардони саршиноси тоҷик ва ба саҳнагузонардаи "Рустам ва Сӯҳроб" ҳоло дар Қазоқистон фаъолият дорад ва дасту дили Барзу Абдураззоқов ҳам пас аз манъ шудани “Девонагӣ. Соли 93”-яш зоҳиран чандон ба сохтани намоиши нав майл надорад.
Масъулони театри Маҳмудҷон Воҳидов бовар доранд, ки "Рустам ва Сӯҳроб" метавонад дар ҷашнвораи Ялта барои шоҳҷоиза сабқат кунад.
Ҷашнвораи «Театр. Чехов. Ялта», ки рӯзи сешанбе оғоз ёфт, то 17-уми сентябр идома хоҳад кард. Дар ин ҷашнвора театрҳои Австралия, Бразилия, Миср, Исроил, Эрон, Испания, Қирғизистон, Лаҳистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Уругвай, Фаронса ва Чехия ширкат меварзанд. Дар қатори ин ҳама, “Рустам ва Сӯҳроб” ҳамчун як намунаи ҳунари театрии Тоҷикистон низ намоиш дода хоҳад шуд.