Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия хостааст, "мӯҳлати пойгоҳ аз 30 сол кам набошад"


Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия, бори дувум аст, ки барои баҳси пойгоҳи 201-ум ба Тоҷикистон омадааст
Анатолий Антонов, муовини вазири дифои Русия, бори дувум аст, ки барои баҳси пойгоҳи 201-ум ба Тоҷикистон омадааст

Ҷониби Русия хостааст, ки мӯҳлати будубоши пойгоҳи низомии 201-уми ин кишвар дар Тоҷикистон аз 30 сол кам набошад.

Як манбаи наздик ба ҳукумат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин пешниҳод ва ҳам дигар шароити будубоши пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар музокироте, ки дар Душанбе ҷараён дорад, баррасӣ шудааст.

Ин манбаъ афзуд, дар ин музокирот танҳо ҷонибҳо метавонанд ба тавофуқ расанд, ҳуҷҷате имзо нахоҳад шуд. "Пас аз анҷоми он эҳтимол дорад сарвари ҳайати Русия Анатолий Антонов - муовини вазири дифоъи он кишвар бо раҳбарияти сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла раисиҷумҳур мулоқот анҷом диҳад",-илова кард манбаъ.

Ҳайати Тоҷикистон дар ин музокиротро Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон сарварӣ мекунад. Русия қаблан мехост, ки ҳузури пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон ба 49 сол тамдид шавад, аммо Тоҷикистон мехост ин мӯҳлат 10 сол бошад.

Ин дувумин музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия тайи як моҳи ахир маҳсуб мешавад. Пас аз музокироти гузашта, ки 9-уми август дар Душанбе баргузор шуд, Анатолий Антонов зимни як нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҷонибҳо ба имзои созишнома наздик шудаанд ва он ҳам ба сӯд (манфиат)-и Русия ва ҳам ба сӯди Тоҷикистон хоҳад буд. Вай гуфта буд, дар музокироти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон маблағи иҷораи пойгоҳи низомӣ матраҳ ва баррасӣ нашудааст.

Ҳамзамон расонаҳо хабар дода буданд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон тариқи Анатолий Антонов ба раҳбарони Русия паём фиристодааст, ки музокирот сари пойгоҳи низомии 201-умро то соли 2016-ум ба таъхир гузоранд. Манбаи мо дар вазорати дифои Тоҷикистон аз ҳамчунин паём изҳори бехабарӣ кард.

Бо ин ҳол, бархе манобеъ мегӯянд, матни созишнома дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон имзо хоҳад шуд. Давлати Тоҷикистон ва Русия дар соли 2004-ум дар мавриди ҳузури пойгоҳи Русия барои то даҳ сол созишнома имзо карда буданд. Аммо ҳамакнун сарнавишти ин пойгоҳ баъд аз соли 2014-ум ба далели он ки Русия мехоҳад барои 49 сол созишнома имзо кунад ва Тоҷикистон на бештар аз даҳ сол, норӯшан боқӣ мондааст.

Гуфта мешавад, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки дар заминаи фирқаи 201-и ин кишвар ташкил шудааст, бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷи ин кишвар ба ҳисоб меравад, ки беш аз 7 ҳазор сарбозу афсар дорад.

Бо мо дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳ бошед!
XS
SM
MD
LG