Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузашти Маскав ба Бишкек. Ба Душанбе чӣ?


Маскав ва Бишкек масъалаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Қирғизистонро ба гунае ҳал карданд, ки ҳарду ҷониб қаноатманд ба назар мерасанд.

Бишкек гузаште кард, ки пули иҷораро зиёд намекунад, Маскав дар иваз аз мӯҳлати 49-сола ақиб нишаст ва ба 15 сол розӣ шуд. Русия ҳамчунин ваъдаи сармоягузорӣ ва кӯмаки фаннӣ ба тарҳҳои энержии Қирғизистонро кард.

Додуситади Бишкеку Маскав дар ҳоле ба поён расид, ки баҳси тақрибан ҳамсони Маскав бо Душанбе сари пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон наздик ба як сол мешавад, идома дорад аммо поёни он намудор нашудааст.

Бархе аз коршиносони тоҷик мегӯянд, Қирғизистон дар ин тиҷорат бо Русия назар ба Тоҷикистон бартариҳои муайян дошт, ки ба чунин ҳалли масъала мусоидат карданд. Пеш аз ҳама мавҷудияти пойгоҳи Иёлоти Муттаҳида дар "Манас" далел оварда мешавад. Аммо аксари таҳлилгарон бар инанд, ки омилҳои дигаре ба чунин ҳалли масъалаи байни Бишкеку Маскав таъсир кардаанд.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик, ки солҳо дар Бишкек ба сар бурдааст, мегӯяд, ба фарқ аз Тоҷикистон, ки раванди музокирот бар сари пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон пушти дарҳои баста ва пинҳон аз назари мардум ҷараён мегирад, дар Қирғизистон ҳеҷ ниҳод, ҳатто раиси ҷумҳурии ин кишвар наметавонад дар танҳоӣ ҳамчунин муомилоти сарнавиштсози умумимиллиро ҳал бикунад:

«Дар шароити Қирғизистон ҳатто раиси ҷумҳур ба танҳоӣ муоҳидот ва созишномаҳои байналмилалиро имзо карда наметавонад. Бояд ҳатман мувофиқати хаттии парлумон ва мувоқати хаттии ҳукумат гирифта шавад. Худи ин шароити хос имкони маневри ҳар тарафи хориҷӣ, аз ҷумла Русияро дар робита бо баҳси ҳузури низомияш дар Қирғизистон маҳдуд мекунад».

Таърихи 20 соли гузаштаи Қирғизистон нишон дод, ки назар ва нақши мардум дар тасмимгириҳои сиёсӣ дар ин кишвар кайҳост, ба як омили муҳим табдил ёфтааст ва Маскав низ наметавонист, онро нодида бигирад. Ҷаноби Қосими Бекмуҳаммад мегӯяд, ба фарқ аз Қирғизистон дар Тоҷикистон ҳалли ин гуна масоил танҳо дар ихтиёри раиси ҷумҳурӣ гузошта шудааст. Ва ӯ ҳеҷ ҷое барои манёвр надорад онгуна, ки Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар сурати ба манфиати ин кишвар ҳал нашудани масъалаи пойгоҳи ҳарбии Русия, барои мисол аз матраҳ шудани масъалаи импичмент аз тарафи парлумон ибо мекунад.

Дар ҳоле ки Отамбоев маҷбур аст, ба назари мардум, аҳзоби сиёсӣ, ҳукумат ва парлумон низ такия кунад, дар Тоҷикистон баръакс ин ниҳодҳо камранг ва тақрибан бетаъсиранд. Дар ниҳояти амр масъулияти ҳама гуна тасмим танҳо дар дӯши раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад ва Маскав низ инро медонад. Тарси президент аз доштани як порлумони беоппозитсия дар ин маврид бар зарари худи ӯ тамом мешавад, ки на ҷое барои маневр хоҳад дошт ва на баҳонае барои радди ин ё он пешниҳоду шарт.

Амирқул Азимов, вакили МН
Амирқул Азимов, вакили МН
Аммо Амирқул Азимов, раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи тамдиди мӯҳлати пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба шахс ё гурӯҳи алоҳида бастагӣ надорад. Ҷаноби Азимов афзуд, чун масъалаву мушкилоте ҳоло дар миён аст, ба ин хотир то кунун гуфтугӯҳо идома доранд:

«Агар ҳарду тараф дар як фикр мешуд, гуфтугӯҳо сурат намегирифт. Азбаски ҳарду тараф фикрҳои алоҳидаи худро дорад, барои ҳамин ҳам ин масълаҳо мавриди гуфтугӯ қарор гирифтааст. Ман боварӣ дорам, ки мо ба хулосае меоем, ки ҳар ду тарафро қонеъ мекунад».

Ба дарозо кашидани баҳси пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар маҳофили сиёсии Маскав ва Душанбе ақидаҳои гуногунро ба миён овардааст. Акнун баъд аз ҳал шудани чунин баҳс миёни Маскав ва Бишкек коршиносон ба дороиву захираи тиҷоратии тарафҳо ё ба истилоҳ, “қартаҳои бозӣ” дар ин баҳс таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Зафар Абдуллоев, масъули Маркази таҳлилҳои сиёсии мавсум ба «Контент» бар ин аст, ки Тоҷикистон то ҳадде пуштибонии кишварҳои аврупоӣ ва Амрикоро ҳосил кардааст ва аз ин ҷост, ки ба пешниҳодҳои Русия ба осонӣ ва бидуни таъкиди манфиатҳои худ розӣ намешавад.

Аммо Рустам Ҳайдаров, коршиноси масоили минтақаӣ бар ин аст, ки қирғизҳо ба фарқ аз Тоҷикистон зиёд вобастаи Русия нестанд. Ба ақидаи ӯ, Қирғизистон марзи муштарак бо Афғонистон, кишваре, ки ноамниҳо аз он бархоҳад хост надорад ва низ ҳамин ҳоло дар қаламрави ин кишвар пойгоҳи низомии Амрико амал мекунад ва ин авомил боис шудааст, ки русҳо ба хостаҳои қирғизҳо розӣ бишаванд ва ҳатто бо имтиёзҳову гузаштҳо аз ҷумла дар содироти маводи сӯхти арзон ба ин кишвар созишномаи ҳамкорӣ бар сари пойгоҳи низомиро имзо кунанд:

«Русҳо агарки ба талаботи Қирғизистон розӣ намешуданд, онҳо маҷбур буданд, ки ин кишварро тарк намоянд. Қирғизҳо ҳам аз пойгоҳи низомии Амрико дар кишварашон пул мегиранд, ҳам аз пойгоҳи низомии русҳо. Аммо дар Тоҷикистон вазъ камтар дигар аст. Аввал инки шумораи ҳарбиҳои русҳо дар инҷо зиёдтар аст ва мо ҳамсарҳадем бо Афғонистон, ки ин ҳама омилҳоро Русия ба унвони фишор болои Тоҷикистон истифода мекунад».

Бо ин ҳама коршиносони тоҷик мӯътақиданд, ки тавофуқи Русия ва Қирғизистон бар сари пойгоҳи низомӣ як таҷриба барои Тоҷикистон хоҳад буд ва ба ақидаи онҳо, аз ҷумла ҷаноби Ҳайдаров, дар сурати ризоияти Узбакистон барои ташкили пойгоҳи низомии Амрико дар қаламраваш русҳо ногузиранд ба ҳарфҳои Тоҷикистон низ гӯш фаро диҳанд.
XS
SM
MD
LG