Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зилзила дар Чин -даҳҳо кушта, садҳо захмӣ ва ҳазорон бехонумон


Мақомоти чинӣ гуфтаанд, бар асари зилзилаи бомдоди ҷумъа, дастикам 63 нафар кушта ва ҳудуди 715 нафар захм бардоштаанд.

Ба гуфта ин мақомот, шумори талафот дар ҳоли афзоиш аст, зеро имдодгарон ба далели вайронии роҳҳо ҳанӯз натавонистаанд ба бисёре аз минтақаҳои осебдида роҳ ёбанд.

Заминларзаи 5.7 дараҷаӣ бомдоди ҷумъа дар ҷануб-ғарби Чин, ҳудуди 6650 хонаи маскуниро вайрон кард, ки дар пайи он 100 ҳазор нафар минтақаро тарк кардаанд.

Мақомоти беҳдоштии Чин дар мавриди паҳншавии бемориҳои сироятӣ ношӣ аз талаф шудани ҳазорон чорво ва ҳайвоноти хонагӣ дар зилзила ҳушдор додаанд.

Ба гуфтаи мақомоти масъули чинӣ, фиристодани кӯмакҳои аввалия шомили хайма ва маводи ғизоӣ ба минтақаи осебдида дар ҷараён аст.
XS
SM
MD
LG