Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдид ба ҷони ҳунарпешаҳои зан дар Афғонистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Шуморе аз занони ҳунарпеша дар Афғонистон аз афзоиши рӯзафзуни таҳдидҳои амниятӣ дар баробари худ нигаронанд.

Афзоиши таҳдидҳои амниятӣ дар баробари ҳунарпешаҳои зан дар Афғонистон нигарониҳоро миёни Комиссияи ҳуқуқи башар ва фаъолони ҳуқуқи зан дар ин кишвар ба бор овардааст. Ин нигарониҳо дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки шуморе аз заноне, ки дар бахшҳои ҳунарпешагӣ дар расонаҳои тасвирӣ фаъолият мекарданд, ба таҳдидҳои амниятӣ рӯбарӯ шудаанд.

Ёсамин Ёрмал ва Сиддиқа Башардӯст, ду тан аз ҳунарпешагонанд, ки аз таҳдидҳои амниятӣ дар баробарашон ибрози нигаронӣ мекунанд. Яке аз онҳо дар сӯҳбат бо бахши афғонии Радиои Озодӣ дар мавриди ин ки чӣ гуна таҳдид мешаванд, чунин гуфт, “масалан, ҳатто духтари ҳамсояи моро ҳам гуфтанд, ки ту бо ҳамин хонум сӯҳат накун ва агар ту бо ӯ ҳарф мезанӣ ва салому алейк мекунӣ, мо бар иловаи ӯ, туро ҳам мекушем."

Саҳар Парниён, яке дигар аз духтарони ҷавони ҳунарпеша аст, ки дар барномаҳои телевизионӣ ба унвони актриса кор мекунад ва акнун ин духтари ҷавон ба хотири таҳдидҳои амниятӣ дар макони номаълум пинҳон шудааст. Вай чанд рӯз пеш дар тамос бо расонаҳо гуфта буд, ки аз сӯи афроди ношинос мавриди таҳдид қарор гирифта, ҷонаш дар хатар аст.

Комиссияи ҳуқуқи башари Афғонистон бо тасдиқи афзоиши ин гуна нигарониҳо мегӯяд, то кунун чаҳор ҳунарпешаи зан ба хотири таҳдидҳои амниятӣ ба ин комиссия шикоят кардаанд. Аммо масъулони амниятии Афғонистон мегӯянд, бештар таҳдидҳо аз сӯи бархе аз ҳунарпешаҳо сохта мебошад.

Бо ин ҳама, шуморе аз фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонистон бо ишора ба кушта шудани духтари ҷавоне, ки ба ҳайси ҳунарпеша дар яке аз телевизионҳои шахсӣ кор мекард, гуфтаанд, ки таҳдид алайҳи занони ҳунарпешна мавзӯи оддӣ нест. Онҳо ҳамчунин аз ҳукумати Афғонистон хостаанд, ки барои ҳалли ин мушкил ба сурати ҷиддӣ иқдом намояд.
XS
SM
MD
LG