Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден: Мит Ромнӣ омодаи ҷанг бо Эрону Сурия аст


Ҷо Байден, муовини раисиҷумҳури Амрико
Ҷо Байден, муовини раисиҷумҳури Амрико

Ҷо Байден, муовини раисиҷумҳури Амрико, дар як суханронии худ гуфтааст, Мит Ромнӣ омодаи ҷанг бо Эрону Сурия мебошад.

Ба гузориши Фокс Нюз, Ҷо Байден, муовини раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, дар як суханронии худ дар Пенсилвания гуфтааст, "Мит Ромнӣ мегӯяд, поён додан ба ҷанг дар Ироқ ва бозгардондани нерӯҳо ба Амрико иштибоҳ аст. Ӯ мегӯяд, таъйини замон барнои хуруҷи нерӯҳоямон аз Афғонистон ва бозгашти онҳо ба ватанашон иштибоҳ аст. Ӯ бо ин суханони худ мехоҳад, бигӯяд, ки омодаи ҷанг бо Эрону Сурия аст."

Ба навиштаи Фокс Нюз, ҷаноби Байден ҷузъиёте дар мавриди тасмими Мит Ромнӣ, номзади ҷумҳурихоҳ барои ҳамла ба Эрону Сурия ироа надод.

Ин дар ҳолест, ки сухангӯи ситоди интихоботии Мит Ромнӣ бо радди ин интиқодҳо гуфт, "ҷои шигифтӣ нест, сиёсатмадоре, ки дар 30 соли гузашта дар мавриди тамоми масоили муҳими сиёсати хориҷӣ иштибоҳ кардааст, дар мавриди стратегияи Ромнӣ низ барои бозгардони раҳбарӣ ба Амрико, иштибоҳ кардааст."

Ба навиштаи Фокс Нюз, Ромнӣ гуфтааст, ҳамла ба Сурияро дар сурате, ки эҳтимоли истифодаи силоҳҳои кимиёвӣ вуҷуд дошта бошад, дар назар мегирад. Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, низ ки мухолифи ҳамла ба Сурия аст, гуфтааст, хатти сурх барои Амрико истифода аз силоҳҳои кимиёвӣ ва биологӣ аз сӯи ҳукумати Сурия аст.

Дар мавриди Эрон, номзади ҷумҳурихоҳ монанди Барак Обама гуфта, ки тамоми интихобҳо алайҳи ин кишвар рӯи миз аст. Ғарб ва Исроил Теҳронро муттаҳам мекунанд, ки қасди сохти бобми атомиро дорад, вале Эрон ҳамвора ин иттиҳомро рад карда ва ҳадафи барномаи ҳастаии худро сулҳомез мехонад.
XS
SM
MD
LG