Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду зан дар Русия бо шиори "Озодӣ ба "Pussy Riot”


Шиоре навишта ба хун дар девори манзили занони кушташуда.
Шиоре навишта ба хун дар девори манзили занони кушташуда.

Мақомоти Русия мегӯянд, тарафдорони гурӯҳи маҳкумшудаи гурӯҳи “Pussy Riot” дар Қазон ду занро куштаанд.

Хабаре, ки гӯё ҷонибдорони гурӯҳи “Pussy Riot” ду занро дар Қазон ба қатл расонидаанд, босуръат дар интернет паҳн шуд.

Баъзе аз расонаҳои электронӣ дар пӯшиши ин мавзӯъ ба сомонаи расмии Кумитаи тафтишоти Русия ишора кардаанд.

Ин дар ҳоле буд, ки хабари куштори ду зан дар Қазон баъди соате дар сомонаи Кумитаи тафтишот пайдо шуд. Дар хабари сомонаи расмӣ омада буд, ки рӯзи 29 август дар хонаи яке аз биноҳои Қазон ҷасади як зани бознишастаи 76-сола ва духтари 38-солаи ӯ ошкор шудаанд, ки ҳар ду ба зарби корд ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфтаи Кумитаи тафтишот модару духтар ҳарду дар як хона ба сар мебурданд ва зоҳиран зиндагии маъмулӣ доштанд. Куштор тахминан дар таърихи аз 24 то 26 август сурат гирифтааст. Шиори “Озодӣ ба "Pussy Riot” , ки гуфта мешавад бо хун навишта шудааст, дар девори хонаи ин ду зан ба мушоҳида расидааст.

17-уми августи соли равон Додгоҳи минтақаи Хамовникии Маскав се узви гурӯҳи ҳунарии "Pussy Riot"-ро дар авбошӣ ва таҳқири эҳсоси диндорон гунаҳгор дониста ба ду соли зиндон маҳкум кард. Ин ҳукм эътирозҳоеро дар миёни тарафдорони он дар манотиқи гуногуни Русия ба вуҷуд овард.

Кумитаи Тафтишоти Федеролии Русия, ки ба президент Путин гузориш медиҳад, ба пажӯҳиши қазия пардохтааст.

Видео аз Ройтерс.

Пулиси Русия саҳнаи кушторро бо шиори “Озодӣ ба Pussy Riot” бозҷӯӣ мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:52 0:00
XS
SM
MD
LG