Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русӣ надонӣ, Маскав наё..."


Аз соли 2013 барои муҳоҷироне, ки хоҳиши кору зиндагӣ дар Русияро доранд, супоридани имтиҳон аз забони русӣ ҳатмӣ мешавад.

Ин иқдом дар чорчӯби иҷрои Консепсияи сиёсати давлатии ин кишвар барои то соли 2025 пешбинӣ гардидааст. Дар баробари имтиҳони марбут ба сатҳи дониши забони русӣ, муҳоҷиронро инчунин супоридани имтиҳон аз таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар интизор аст. Дар ҳамин ҳол коршиносон бар онанд, ки ин иқдом метавонад мушкилии дигареро барои муҳоҷирони тоҷик эҷод намуда, теъдоди онҳоро ба маротиб коҳиш диҳад.

Иқдоми ҳукумати Русия дар заминаи имтиҳон супоридани муҳоҷирон аз забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар вокунишҳои мухталиферо дар ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овард. Талабшоҳ Мирзоев, як муҳоҷири тоҷик, ки таъмини рӯзгори хонаводааш асосан бар дӯши ӯст, мегӯяд, вақте ки ин хабарро шунид, хеле нороҳат шуд. Зеро ба дониши забониаш эътимод надораду хавф аз он мебарад, ки ин боис мегардад, аз ягона манбаи даромадаш маҳрум шавад.

Талабшоҳ мегӯяд: «Ман як бачаи деҳотӣ. Таърихи Тоҷикистони худамона дуруст намедонаму таърихи Русияро аз куҷо донам? Мо ба таърихи онҳо чӣ кор дорем?! Ё забони русиро ҳам ба хубӣ намедонам. Ман аз худам боварӣ надорам, ки имтиҳон супорида аз имтиҳони онҳо мегузарам. Аз имтиҳон, ки гузашта натавонам, ман наметавонам ба Русия равам. Барои ҳамин ман муқобили ҳамин қонун ҳастам».

Ёдгори Салоҳиддин, муҳоҷири дигари тоҷик, ки 26 сол дораду қариб даҳ сол аст бо мақсади дарёфти қутти лоямут ба Русия сафар мекунад, мегӯяд, вақте бори аввал ба ин кишвар рафт ба ҷуз «здрасти» «досвидания» дигар ҳарферо бо русӣ ба забон оварда наметавонист. Зеро ба гуфтаи ӯ тамоман дар мактаби миёна ин забонро наомӯхтааст. Ёдгор гуфт аз надонистани забон ӯ хеле дар ғарибӣ азият
кашид ва маҷбур шуд забони русиро омӯзад. Аммо ӯ ҳоло аз тақдири муҳоҷирони дигар, ки ба гуфтааш 70 фоизи онҳо фикри хешро бо забони русӣ баён карда наметавонанду ба кӯмаки тарҷумон ниёз доранд, дар ташвиш аст. Ба таъкиди ин муҳоҷири тоҷик, аксари ҷавони муҳоҷири тоҷик аз забони русӣ бехабаранд ва ин аст, ки ҳатто надонистани забони русӣ аз сӯи онҳо ба латифаҳо табдил ёфтааст.

Ёдгор гуфт: «Дар дуюм ошёна кор мекардам, ҷиянам дар поён «раствор» мешӯронид. Аз ҳамон боло нигоҳ кардам, ки ҷиянам ба соҳиби хона бо имою ишора мехост чизеро фаҳмонад. Давида ба поён фуромадам, чунки медонистам, ки ӯ забони русиро намедонад. Баъд «хозяин»-ро чӣ гап? тинҷи-мӣ? гуфта пурсидам, вай гуфт, ки ин чӣ мегӯяд. Cипас ҷиянамро пурсидам, ки ту чӣ мехоҳи бигӯйӣ ? Ӯ гуфт, ки ман ба вай гуфта истодаам, ки «раствор не трогает» вай намефаҳмад. Баъд боз пурсидам, ки маънои гапат чӣ? Ӯ гуфт, ман мехоҳам бигӯям, ки «раствор» намерасад. Баъд ба «хозяин» тарҷима кардам, ки он хочет сказатъ, что раствор не хватает».

Соҳибназарон бар онанд, ки қувваи қонунӣ гирифтани ин лоиҳа метавонад, теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба Русия ба маротиб коҳиш диҳад. Зеро дарсади бузурги муҳоҷирон аз забони русӣ огаҳӣ надоранд, чи расад ба донистани таъриху қонунгузории он кишвар .

Озод Маликов, коргардони тоҷик, ки филмҳои мустанаду ҳунарии зиёде аз ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба навор гирифтааст, мегӯяд, тамоми мушкилоти муҳоҷирони мо аз надонистани забони русӣ сар мезанад. Ба ин далел ҷаноби Маликов мӯътақид аст, ки иқдоми навбатии Русия дар заминаи ҷалби муҳоҷирон барои супоридани имтиҳони забони русӣ ба равнади муҳоҷирати тоҷикон то андозае таъсир хоҳад гузошт: «Ман фикр мекунам, ки баъд аз ба тасвиб расидани ин қонун албатта шумораи муҳоҷирон коҳиш меёбад, вале ин ба як муддат. Баъди 2-3 сол муҳоҷироне, ки мехоҳанд ба Русия сафар кунанд, онҳо забонро меомӯзанд. Ва бо ин бештари мушкилоташон ҳал хоҳад шуд. Аз ҷумла, ҳуқуқҳояшонро метавонанд ҳифз кунанд, кори хубтареро пайдо намоянд ва ҳоказо. Ба фикри ман ин ба манфиати кор аст».

Музаффар Зарифов
Музаффар Зарифов
Аммо дар ҳамин ҳол, Музаффар Зарифов, раҳбари созмони ғайридавлатии «Муҳоҷират ва рушд» бар ин назар аст, ки иқдоми ҳукумати Русия ҳеҷ таъсире ба теъдоди муҳоҷирони тоҷик нахоҳад гузошт. Чунки ба таъкиди Зарифов, то он вақте ки дар Тоҷикистон бозори дохилии меҳнат рушд накардаасту маош кам ва нархҳо «осмонӣ»-ву таҳсил пулакӣ аст, селаи муҳоҷирон ба самти Русия кам нахоҳад шуд.

Вале бо ин ҳам ҷаноби Зарифов афзуд, ки ин иқдоми Русия бар зидди тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ ва мавозини байналмилалӣ аст, ки ҳуқуқи инсонро нақз мекунад: «Дар ягон ҷо гуфта нашудааст, ки одаме, ки ба як кишвар меравад, забони вай давлатро албатта донад. Фардо мумкин муҳоҷират ба Узбакистон ё ин ки ба Қазоқистон мешавад. Пас бояд, мо албатта забони узбакию қазоқиро донем? Мувофиқи қонунҳои байналмилалӣ ҳам нодуруст аст. Лекин ҳар як давлат ғайр аз он ки қонунҳои байналмилалиро иҷро мекунад, вай боз қонунҳои дохилии хешро низ дорад. Аксаран ин тадбир ба хотири бехатар будани заминаи зисту кор дар Русия амалӣ мешавад».

Дар ҳоле, ки раҳбари созмони «Муҳоҷират ва рушд» аз нақз шудани ҳуқуқҳои муҳоҷирон ҳарф мезанад, Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки мо ба ҷуз аз риоя намудани талаботу шартҳои он давлат чорае надорем. Аз ин рӯ, тибқи хоҳишҳои давлати муҳоҷирқабулкунанда бояд амал намуда, мутахассис омода кунем.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон афзуд: «Ахиран як созишнома ва як тавофуқномае ҳам имзо шудааст ва қарор аст, ки дар назди Хадамоти муҳоҷират, маркази таълимии муҳоҷирони меҳнатӣ таъсис ва дар он омӯзиши забони русӣ, англисӣ, немисӣ ва арабӣ ба роҳ монда шавад. Ва ин иқдомот дар ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани имиҷ ва ё обрӯю эътибори муҳоҷирони мо мусоидат хоҳад кард».

Зимнан, бар пояи гузориши Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, шумораи муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия ба ҳудуди 800 ҳазор нафар мерасад. Аммо манобеъи ғайрирасмӣ ин рақамро беш аз 1 миллион мегӯянд.
Дар соли гузашта маболиғи интиқолёфтаи муҳоҷирони кории тоҷик ба Тоҷикистон таги 3 миллиард долларро ташкил додааст, ки бештар аз маболиғи буҷаи кишвар аст.

Соҳибаи Кароматуллоҳ, радиои "Озодӣ"
XS
SM
MD
LG