Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди тӯфони Исҳоқ ба аёлатҳои соҳилии Амрико


Раисиҷумҳури Амрико дар аёлати Луизиана, ки дар маърази хатари тӯфони саҳмгини мавсум ба Исҳоқ қарор гирифтааст, вазъи фавқуллода эълом кард.

Барак Обама, рӯзи душанбе, 27-уми август, ба губернатори Луизина гуфтааст, чораҳои лозимро меандешад, то барои рафъи паёмадҳои фалокати эҳтимолӣ аз хазинаи федеролии Амрико барои аёлати Луизиана кӯмак маблағ ихтисос дода шавад. Раисиҷумҳури Амрико ҳамчунин аз Оҷонси Ҳолатҳои Фавқуллодаи Амрико хостааст, амалиёти имдодрасониро бо мақомоти маҳаллӣ дар ин аёлати соҳилии Иёлоти Муттаҳида ҳамоҳанг кунад.

Пештар аз ин, губернаторҳои Луизиана, Флорида, Мисисипӣ ва Алабама баъд аз ҳушдорҳо аз шиддат гирифтани тӯфон дар қаламравҳои ин иёлот вазъи фавқуллода эълом карданд. Ба гуфтаи ҳавошиносон, тӯфони Исҳоқ то шоми душанбе ба вақти Амрико шиддат гирифта ва рӯзи чаҳоршанбе ба самти иёлати Ню-Орлеан ҳаракат хоҳад кард.

Боби Ҷиндал, губернатори Луизиана аз сокинони ин аёлат хост, худро барои рӯзи сахте омода кунанд ва ба онҳое, ки дар маҳалҳои хориҷ аз сипари муҳофизатии аёлати Ню-Орлеан зиндагӣ мекунанд, тавсия дод, ки ин маҳалҳоро тарк намоянд: "Ҳоло фурсати он аст, ки барномаи ба ҷойи амн рафтанро дошта бошед ва бидонед, ки ба куҷо меравед. Ман ба онҳое, ки дар маҳалҳои поёноб зиндагӣ мекунанд, тавсия медиҳам, аз ҳамин рӯз ба тарки манзилҳояшон шурӯъ кунанд."

Баъд аз бедодгарӣ дар аёлати Флоридаи Амрико, ҳоло тӯфони Исҳоқ ба самти аёлати Ню-Орлеан ҳаракат дорад, ки дар аёлат 7 сол пеш тӯфони Катрина 1800 нафарро ҳалок кард. Мақомоти расмӣ мегӯянд, садҳои гирди ин шаҳр ба ҳадде қавиянд, ки ба тӯфонҳои сахттар аз тӯфони Исҳоқ тоб меоранд. Маҳз рахнаи сад(д)ҳо дар 7 соли пеш сабаби обхезии фалокатбор дар аёлати Ню-Орлеан шуда буд.

Аммо Крейг Фагет, аз Оҷонси Ҳолатҳои Фавқуллодаи Амрико гуфт, на танҳо Ню-Орлеан, балки иёлоти Мисисипи ва Алабама ҳам шояд осеби зиёд бубинанд. Ба ҳазорон нафар аз сокинони Алабама гуфтаанд, ки ба маҳалҳои амн бираванд. Ба гуфтаи мақомоти Флорида то рӯзи душанбе тақрибан 60 ҳазор нафар бар асари тӯфон аз нерӯи барқ маҳрум шуданд. Тӯфон Анҷумани Ҳизби Ҷумҳурихоҳро низ як рӯз ба таъхир гузошт, ки бояд дар он Митт Ромни расман ба мақоми раисиҷумҳури Амрико пешниҳод шавад. Тӯфони Исҳоқ бо селу обхезӣ дар Ҳаитӣ ва Ҷумҳурии Доминикан камаш 20 нафарро куштааст.
XS
SM
MD
LG