Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори “ҷиддӣ”-и Олланд ба Асад


Франсуа Олланд, раисиҷумҳури Фаронса
Франсуа Олланд, раисиҷумҳури Фаронса

Президенти Фаронса дар хитоб ба Башор Асад гуфт, дар сурати истифодаи силоҳи кимиёвӣ, “заминаи қонунӣ ба мудохилаи мустақими хориҷӣ” дар Сурия фароҳам хоҳад шуд.

Франсуа Олланд зимни суханронии солонааш дар бораи сиёсати хориҷии Фаронса дар ҳузури сафирони кишвараш гуфт: "Мо бо муттаҳидини худ бедор ҳастем, то нагузорем, ки режими Сурия аслиҳаи кимиёвӣ истифода кунад. Агар ин кор сурат бигирад, мудохилаи мустақими ҷомеаи ҷаҳонӣ машрӯъият пайдо хоҳад кард."

Раисиҷумҳури Фаронса гуфт, дар сурати ташкили ҳукумати муваққатии Сурия онро ба расмият хоҳад шинохт ва аз мухолифини Сурия, хост, чунин ҳукуматро ҳарчӣ зудтар таъсис диҳанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ин даъвати Фаронса ҳимоят накард. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико гуфт, “дар қадами аввал ин кори мардуми Сурия аст, ки дар мавриди гузариши ҳукумат ба мувофиқа бирасанд ва кори онҳост, ки дар сурати омодагӣ, ба таъсиси ҳукумат шурӯъ кунанд.”

Франсуа Олланд таъйид кард, ки Фаронса бо ҳампаймонҳояш дар мавриди ташкили минтақаҳои ҳоил ва ё буфферӣ дар Сурия кор мекунанд, ки аввалин бор аз тарафи Туркия матраҳ шуда буд. Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия ба Созмони Милал пешниҳод карда буд, ки барои муҳофизати паноҳандагони Сурия дар қаламрави ин кишвар, як минтақаи ҳоилро ташкил бидиҳанд, зеро Туркия қудрати қабули бештар аз 100 ҳазор паноҳандаро надорад.

Бино ба оморҳо, тақрибан 200 ҳазор нафар аз мардуми Сурия ба кишварҳои ҳамсоя фирор кардаанд ва 2,5 миллион нафар дар дохил ба кӯмакҳои фаврӣ мӯҳтоҷ шудаанд.

Субҳи душанбе як чархболи нерӯҳои Сурия суқут кард ва мухолифони давлат гуфтанд, ки онро шӯришиён сарнагун карданд. Мухолифони Сурия ҳамчунин нерӯҳои ҳукуматиро ба қатли ом дар шаҳри Даръо муттаҳам карда ва мегӯянд, дар ин шаҳр ҳудудан аз 300 то 600 нафар кушта шудаанд. Дар ин шаҳр телевизионҳо қатори аҷсодро нишон доданд, ки дар сарашон осори тир дида мешавад.

Расонаҳои давлатии Сурия аз қавли Башор Асад гуфтаанд, ки ҳукумати ӯ “ба ҳар қиммате, ки бошад”, ҷангро идома хоҳад дод. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, аз замони оғози қиёмҳои мардумӣ дар Сурия сар аз моҳи марти соли гузашта то кунун тақрибан 20 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG