Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шанбеи хунин" дар Сурия


Дидбони ҳуқуқи башари Сурия аз кушта шудани 200 тан дар шаҳри Дориё, дар ҳашт километрии ҷанубу ғарби Димишқ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ба нақл аз Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки мақари он дар Лондон аст, ҳамлаҳои маргбори артиши Сурия дар рӯзи шанбе ҳудуди 380 кушта дар саросари ин кишвар бар ҷой гузоштааст.

Ҳамлаҳои сангини артиши Сурия дар рӯзи шанбе дар ҳоле буд, ки шабакаи телевизионии «Ал-арабия» дар ҳамон рӯз аз паноҳанда шудани сарлашкар Муҳаммад Мусо Хайрот, ба кишвари Урдун хабар дода буд.

Муҳаммад Мусо Хайрот, фармондеҳи лашкари ҳафтуми артиши Сурия буд, ки дуввумин мақоми низомӣ дар сатҳи фармондеҳии артиши Сурия ба шумор меояд.

Хабаргузориҳои байналмилалӣ рӯзи шанбе ҳамчунин аз он хабар додаанд, ки шумори шаҳрвандони суриягӣ, ки дар ҷараёни хушунатҳои 17 моҳи ахир аз Сурия гурехта ва ба кишварҳои ҳамсоя паноҳанда шудаанд, аз марзи 200 ҳазор гузаштааст.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи шанбе гурӯҳҳои асосии мухолифи ҳукумати Сурия аз СММ ва Ҷомеа ё худ Лигаи давлатҳои араб даъват карданд, ки аз фоҷеа дар вилояти Ҳумс ҷилавгирӣ кунанд. Ба қавли гурӯҳи мухолифин бо номи Шӯрои миллии Сурия, 80 рӯз инҷониб Ҳумс дар муҳосираи нерӯҳои ҳукуматӣ қарор дорад ва роҳҳои икмолот баста шудаанд.

Рӯзи ҷумъа фиристодаи нави СММ ва Ҷомеаи давлатҳои араб дар Сурия Лахзар Иброҳимӣ бо дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрд. Ба ақидаи Иброҳимӣ сабаби нокомии фиристодаи пештараи СММ дар Сурия КофӣАннон ин буд, ки ҷомеаи байналмилалӣ иқдомҳои ӯро дастгирӣ намекард.
XS
SM
MD
LG