Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Кӣ Мун бар рағми мухолифати Исроил ба Эрон меравад


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал
Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал

СММ гуфт, Бан Кӣ Мун ҳафтаи оянда дар мулоқоти раҳбарони кишварҳои ғайримуттааҳид дар Теҳрон ширкат мекунад.

Амрико ва Исроил аз дабири кулли Созмони Милал, Бан Кӣ Мун, даъват кардаанд, ки аз ширкат дар ин мулоқот даст кашад. Аммо Мартин Несирский, сухангӯи СММ, гуфтааст, дабири кул масъулият дорад ва тасмими гирифтааст, ки онро бояд ба ҷо орад: “Дабири кул зоҳиран аз ҳассосияти ин боздид дар ҷараён аст ва вай назарҳои баъзеҳоро дар ин бора шунидааст. Онҳо пешниҳод кардаанд, ки вай ин боздидро анҷом надиҳад. Вале ҳамзамон дабири кул масъулият дорад ва тасмим гирифтааст, ки онро иҷро кунад, масъулият дар баробари Ҷунбиши ғайримуттааҳид ва дар муносибот бо Эрон.”

СММ мегӯяд, Бан Кӣ Мун “бо истифода аз ин фурсат дар бораи нигарониҳо ва интизориҳои маҳофили байналмилалӣ” аз барномаҳои ҳастаии Эрон, терроризм, ҳуқуқи башар ва бӯҳрони Сурия сӯҳбат хоҳад кард.

Дабири кулли СММ ба нақша гирифтааст, ки аз 29-ум то 31-ум август дар Теҳрон хоҳад буд.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, аз Бан Кӣ Мун хост, ки ба ин мулоқот наравад. Бино ба гузоришҳои матбуоти Исроил, Нетаняҳу ба дабири кулли СММ гуфтааст, агар вай дар мулоқоти Теҳрон ширкат ҷӯяд, “иштибоҳи бузурге” содир хоҳад кард.

Амрико низ хостори он аст, ки раҳбари СММ ин мулоқотро байкот кунад. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, гуфт, “аҷиб” хоҳад буд, агар Бан Кӣ Мун дар мулоқот ширкат ҷӯяд.
Эрон бо барномаҳои зиддунақизи ҳастаии худ бо Ғарб рақобат дорад. Ғарб ҳамчунин Эронро муттаҳам кардааст, ки ба режими Башор Асад дар Сурия аслиҳа медиҳад.

Бо вуҷуди чунин интиқодҳо Мартин Несирский, сухангӯи СММ боздиди Бан Кӣ Мунро “муфид” ва “саривақтӣ” арзёбӣ кардааст. Эрон гуфтааст, раҳбарони 30 кишвар, аз ҷумла раҳбарони Ҳинду Миср ва Куба дар мулоқот ширкат мекунанд ва бештар аз 100 кишвар намояндагони худро ба мулоқот мефиристанд.

Эрон мехоҳад, бо баргузории ин мулоқот нишон диҳад, ки дар муҳосираи байналмиллалӣ қарор надорад.
XS
SM
MD
LG