Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент меояд... Бо хару ароба об накашонед!


Ба сокинони Кӯлоб таъкид шудааст, ки то анҷоми сафари кории президент ба минтақа бо хару ароба об накашанд.

Сокинони маҳаллаҳои беоби шаҳри Кӯлоб мегӯянд, вакилону фаъолони маҳаллаҳо ба онҳо гуфтаанд, то анҷоми сафари раисиҷумҳур ба шаҳр, ки бояд рӯзҳои наздик сурат гирад, дар хиёбонҳои асосӣ бо хару аробаву зафҳои обгирӣ дар чашм намоён нашаванд.

Фариштамоҳ Камолова, сокини ҷамоати Зарбдори Кӯлоб, ки манзили зисташ наздик ба роҳи асосӣ воқеъ аст, мегӯяд, вакили маҳалла аз онҳо хоҳиш кард, то рӯзи сафари президент аз ин роҳ убур накунанд. Ба гуфтаи ӯ, гоҳо то 4 ё 5 рӯз ба маҳаллаи онҳо оби ошомиданӣ интиқол намеёбад ва онҳо маҷбуранд, аз роҳи ду-се километр дур бо хару ароба об бикашонанд.

"Дар ҳақиқат шухӣ буд ё ба ростӣ, ки моро гуфтанд, ба қарибиҳо президент меояд ва боз дар сари роҳ набароед, бо аробаву харҳоятон. Дар ин гармӣ ҳам беоб намешавад. Ин об як рӯз меояд, боз се чор рӯзи дигар намеояд. Ҳамон дар як рӯзи омадагӣ ҳам, ҳама наметавонад, зарфҳояшро аз об пур кунад. Ҳозир 30-40 дараҷа гарм аст, об зиёд сарф мешавад",-мегӯяд ӯ.

Зайнура Мусоева, як сокини дигари Кӯлоб мегӯяд, мушкилоти дастрасии об ба сокинон ҳар сол такрор мешавад. Ӯ гуфт, "дар зимистон об меояд. Ҳамин, ки гармӣ шуд, гӯиё об буғ мешавад. Маҷбурем, рафта аз маҳаллаҳое, ки об доранд, об биёрем."

Аммо на ҳама сокинони шаҳр аз ин мушкил шиква доранд. Қиёмиддин Мизробов, сокини маҳаллаи Хати роҳ мегӯяд, дар маҳаллаи онҳо бо хару ароба об кашидан имсол афсона шудааст: "Имсол ба маҳаллаи мо об кашиданд ва ҳама рӯза об мерасад. Ҳоло ягон мушкил аз об надорем. Солҳои гузашта дар ҳақиқат чунин мушкилиҳо буд, вале ҳоло дар маҳаллаи мо касе бо хару ароба об намекашад."

Мушкилоти норасоии об дар шаҳру навоҳии Кӯлоб дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоӣ дар ду соли пеш барои бозсозии қубурҳои обрасонии Кӯлоб беш аз 3,5 миллион доллар ҷудо карда буданд. Сафар Мардонов, сармуҳандиси корхонаи об мегӯяд, ҳоло таъминоти обрасонӣ дар Кӯлоб хуб ба роҳ монда шудааст ва дигар касе бо хару ароба дар хиёбонҳои шаҳр об намекашонад. Ба гуфтаи ӯ, касе ҳам сокинонро таъкид накардааст, ки ҳангоми сафари президент об накашанд.

Ӯ гуфт, дар бархе маҳаллаҳои навбунёд хатти об кашида нашудааст, аммо он маҳаллаҳое, ки хатти об доранд, чунин мушкил надоранд: "Талаботи аҳолӣ 39 ҳазор куб ҳаст, вале мо 50 ҳазор куб об мерасонем. Солҳои гузашта об талафот мешуд, яъне сокинон онро барои зироаткорӣ истифода мебурданд, ки дар шаҳр ин пешбинӣ нашудааст. Қубурҳо ҳам кафида буданд, ки бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоӣ онро таъмир намудаем. Ҳоло талафот то 20 фисад кам шудааст ва мушкилоти об ҳам то ҷое бартараф гаштааст."

Шаҳри Кӯлоб бо доштани беш аз 150 ҳазор аҳолӣ савумин калонтарин шаҳри Тоҷикистон дониста мешавад. Системаи обрасонии ин шаҳр аввалин бор солҳои 70-уми асри гузашта, замони шӯравӣ сохта шуда буд.
XS
SM
MD
LG