Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб: Куриёиҳо равед, туркҳо оед


Идораи заминсозии Кӯлоб шартнома дар бораи истифода аз 1 200 ҳектор заминро, ки бо куриёиҳо имзо карда буд, лағв намудааст.

Ду сол пеш куриёиҳо барои кишти шолӣ аз ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоб замин дастрас карда буданд.

Аммо Рухсора Шарифова, муовини раиси Кумитаи заминсозӣ дар минтақа мегӯяд, бо гузашти як сол куриёиҳо ҳозир
Ҳоло туркҳо таҷҳизот оварданд, хатти об кашидаанд, вале то ҳанӯз дар он ҷо кишт накардаанд, ҳарчанд хеле обод кардаанд...
нашуданд, то ин заминро мавриди истифода қарор бидиҳанд. Аз ин рӯ, бар пояи шартномаи пешакӣ онҳо ҳақ доштанд, шартномаро якҷониба бекор кунанд.

Ӯ афзуд: "Онҳо кор накарданд. Шартномаро бастану рафтанд. Шояд ба онҳо ҳамон сол ягон мушкилӣ омад, ки дигар наомаданд. Онҳо бояд дар ин заминҳо шолӣ кишт мекарданд. Дар шартнома ҳамин тавр навишта шуда буд."

Ин заминҳо ба гуфтаи масъулин аз ҳисоби заминҳое буданд, ки сокинони маҳаллӣ онҳоро истифода намебурданд ва куриёиҳо ваъда додаанд, ки тариқи доруҳои кимиёвӣ онҳоро мавриди истифода қарор медиҳанд.

Рухсора Шарифова, масъули Кумитаи заминсозӣ мегӯяд, куриёиҳо аввалин шаҳрвандони хориҷие нестанд, ки барои гирифтани замин ба онҳо бо ризоияти ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат карда бошанд. Ӯ мегӯяд, феълан дар ноҳияи Данғара низ Кумитаи заминсозӣ ба шаҳрвандони Туркия 2 ҳазор ҳектор замин додааст ва туркҳо баръакси куриёиҳо ин заминҳоро мавриди истифода қарор додаанд.

"Дар ноҳияи Данғара 2 ҳазору 266 гектар заминро ба туркҳо додем. Инҳо заминҳои навташкилшуда мебошанд, ки то ҳол кишт нашудаанд. Ҳоло туркҳо таҷҳизот оварданд, хатти об кашидаанд, вале то ҳанӯз дар он ҷо кишт накардаанд, ҳарчанд хеле обод кардаанд",-гуфт ин масъули Идораи заминсозии ҳукумати Кӯлоб.

Ба ихтиёри хориҷиён додани замин дар ҳолест, ки аксари заминҳои минтақа бо сабаби нарасидани об кишт нашудаанд. Саид Раҳмонов, як заминдори маҳаллӣ аз деҳаи Саиросиёби Кӯлоб мегӯяд, солҳои қабл сокинони ин деҳа мардуми шаҳрро бо сабзавот таъмин менамуданд, вале имсол бинобар нарасидани об заминҳо кишт нашуданд. Сабаб дар он будааст, як хоҷагидори маҳаллӣ обро барои кишти пахтаи хоҷагии худ истифода бурда, онро барои дигар сокинон намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, муваққатан додани заминҳои барои сокинони Тоҷикистон истифоданашаванда ба хориҷиён қобили қабул аст. Зеро онҳо тариқи дасгоҳҳо ва доруҳои кимиёвӣ имкони ҳосилхез кардани заминро доранд.
XS
SM
MD
LG