Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Тарбузи умед аз домани соҳибкорон афтид»


Дар маҷлиси охири Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, пас аз баррасии лоиҳаи нави кодекси андоз, тасмими барои соҳибкорон ғайриинтизор гирифта шуд.

Қарор шуд, коҳишҳое, ки тарҳи нав муқарар кардааст, то соли 2017 таҷдриҷан раҳандозӣ шаванд. Ин тасмим ба нашр расид, вале шарҳ дода нашуд, ки сабаби татбиқи тадриҷии ин тарҳ дар чист ва соҳибкороне, ки орзу доштанд, бо қабули тарҳи нав нафаси сабук хоҳанд кашид, бояд солҳо интизор бимонанд ва ҳатто мумкин аст, зери фишори андоз ва бӯҳрон варшикаста шаванд.

Рустам Ҷабборов муовини раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ва сардори комиссияи таҳияи кодекси нави андоз ин тасмими ҳукумати кишварро чунин шарҳ дод: «Ду намуди андоз то соли 2017 тағйир меёбад. Ин андоз аз фоида, ки шахсони ҳуқуқӣ пардохт мекунанд ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард. Дар назар аст, ки андоз аз фоида дар соли 2015 ва соли 2017 як дарсадӣ кам карда шавад. Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бошад, соли 2015 панҷоҳ фисад кам карда мешавад ва соли 2017 ин намуди андоз комилан аз байн бардошта мешавад.»

Ҷаноби Ҷабборов афзуд, ки Тоҷикистон наметавонад ҳаҷми ҳамаи андозҳоро якбора поин бубарад. Чунки будҷаи кишвар дигар сарчашмаҳои иловагии даромад назири нафту газро надорад ва якбора поин бурдани андозҳо метавонад будҷаро холӣ намояд. Пас магар ҳангоме, ки тарҳи нави андозро омода мекарданд, ин хатар ба назар гирифта нашудааст? Дар посух гуфта мешавад, Тоҷикистон умед дошт, ки дар як муддати аввал, пас аз кам кардани миқдори андозҳо, созмонҳои байналмиллалии молӣ касри будҷаро мепӯшонанд.

Гурҷистон яке аз кишварҳои пасошӯравӣ маҳз бо ёрии созмонҳои байналмиллалӣ ислоҳоти андозро амалӣ кард, ки онро иқттисодонҳои аршади ҷаҳонӣ намунаи муваффақи реформаи низоми андозбандӣ мешуморанд.

Рустам Ҷабборов мегӯяд, як сол қабл Ҳукумати Тоҷикистон ба созмонҳои байналмилалии молӣ муроҷиат карда буд, ки баъди кам кардани миқдори андозҳо ва коҳиш ёфтани даромади будҷа аз ҳисоби андоз дар пӯшондани камбуди будҷа мадад кунанд: «Аммо дар ин маврид ягон ташкилоти байналмилалии хориҷӣ омода нашуд, ба мо кӯмак кунад. Бинобар ин, мо кодекси нави андозро беназардошти кӯмакҳои хориҷӣ таҳия кардем».

Намояндагони бахши хусусии кишвар ин чархишро бисёр ноумедкунанда меноманд. Миралӣ Қодиров раҳбари «Маркази рушди соҳибкорӣ ва кӯмак ба соҳибкорон» мегӯяд, бахши хусусӣ аз кодекси нави андоз сабукиҳои бештарро интизор буд: «Соҳибкороне, ки лоиҳаи охирини кодекси андозе, ки дар дасти мо ҳаст диданд мегӯянд, ки ҳарчанд 11 намуди андозҳо аз байн бардошта шуд, вале миқдори (ставка) боқимонда андозҳо афзун шудааст. Яъне дар бисёр ҳолатҳо ду намуди андоз ҷамъ шуда як навъ андозро ташкил кардааст».

Аммо ҷаноби Қодиров афзуд, чун ҳоло лоиҳаи ин кодекс аз ҷониби вакилони парлумон тасдиқ нашудааст, онҳо умедворанд дар лоиҳа назару пешниҳоди онҳо ба назар гирифта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол коршиносон мегӯянд, фишори андоз монеаи рушди иқтисод мешавад ва соҳибкорон маҷбур хоҳанд буд, ки даромадҳои воқеии хешро аз давлат пинҳон кунанд.

Давлат Усмон иқтисоддони тоҷик ва собиқ Вазири рушди иқтисод ва савдо ба ин аст, ки андозҳои болоӣ соҳибкоронро водор мекунад аз пардохти андоз сарпечӣ кунанд, ки ин боиси густариши иқтисоди «пасипардагӣ» хоҳад шуд.

Ҷаноби Усмон дар мавриди сиёсати созмонҳои байналмиллалии молӣ ҷиҳати кӯмак ба кишварҳо афзуд: «Сармояи созмонҳои байналмилалии молӣ назари Хазинаи байналмиллалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ умдатан аз ҳисоби кишварҳои ғарб ва Амрико аст. Бинобар ин, онҳо бо назардошти манофеи худашон ба кишварҳои гуногун кӯмак ироъа мекунанд. Масалан шояд Гурҷистон барои ин кишварҳо аз нигоҳи сторотежик муҳимтар буду кӯмак карданд ва ба Тоҷикистон не».

Хазинаи байналмиллалии асъор яке аз созмонҳои байналмиллалиест, ки қабули кодекси нави андозро ба Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз соли 2010 тавсия дода буд.

Эълони то соли 2017 ба таъхир афтодани иҷрои қонуни нави андоз дар ҳоле садо медиҳад, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ҳавохоҳони асосии ин тарҳ буд ва борҳо аз кумисюни таҳияи тарҳ хостааст, корро ҳарчӣ зудтар ба поён расонанд. Дар таҳияи кодекси нави андоз намояндагони бахши хусусӣ низ расман ҷалб шудаанд. Аммо чанде аз ин нафарон дар сӯҳбати бидуни микрофон ба мо изҳор доштанд, ки матни ниҳоии лоиҳаи кодекси андозро надидаанд ва он бидуни иштироки онҳо омода шудааст. Бинобар ин онҳо дар изтиробанд, ки ин матн дар чӣ шакле ба порлумон пешниҳод хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG