Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Будҷаи мӯътоди андоз. Кӣ миёни бизнесро мешиканад?


17 навъи мавҷудаи андозҳо дар Тоҷикистон, бино ба ҳисобҳо, то нисфи даромади соҳибкоронро “мехӯрад”.

Иқтисоддонҳо андозҳои ҳангуфтро як монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон медонанд ва аз дӯши мардум гирифтани бори гарони молиёт аз ҷумла тавсияҳоест, ки ниҳодҳои байналмилалии молӣ ба Душанбе мекунанд. Интизор меравад, тарҳи нави Кодекси андоз, ки муҳокимааш ҳанӯз идома дорад, шумораи андозҳоро коҳиш диҳад. Аммо дар ин сурат оё будҷаи давлатии Тоҷикистон, ки як манбаъи асосиаш андоз аст, бояд аз кадом ҳисоб пур шавад?

Андоз аз ҳар “лойблок”

Дар Тоҷикистон тақрибан ягон навъи фаъолият боқӣ намондааст, ки андоз насупорад. Нозирони молиёт аз овозхону раққоса то фолбину даллоли бозор ва ҳатто кӯдаконеро, ки дар таътили тобистона дар талу теппаҳои атрофи рустои худ хишти лойӣ, ё ба таъбири роиҷ, “лойблок” мерезанд, ҳамаро андоз бастаанд. Бино ба омори Кумитаи андози вобаста ба ҳукумати Тоҷикистон, аз 8 миллиард сомонӣ қисми дахли будҷаи давлатӣ 7 миллиард, ё қариб 90 дарсадаш аз ҳисоби молиёт аст ва дар сайти расмии Кумита шиоре ҳам овезон кардаанд, ки: “Андоз – бақои давлат аст!”

Аммо тоҷирони тоҷик мегӯянд, меъёри андозбандӣ дар Тоҷикистон бо ченаки кишварҳои пешрафтаи дунёст ва барои мисол, молиёти як манзил дар як гӯшаи Душанбе баробари молиёти айни манзил дар Калифорнияи Амрико мешавад, ки дархӯри ҷайби тиҳии мардуми мо нест ва ин андозҳои ҳангуфт ҳамроҳ бо боҷу хироҷи гумрукии миёншикан ҳалқаи доре шудааст, ки соҳибкориро буғӣ мекунад.
Ҳеҷ кас аз пардохти андоз озод нест!
Ҳеҷ кас аз пардохти андоз озод нест!

Ҳоҷӣ Боев, як тоҷири тоҷик, ки аз Чину Туркия мебел ворид мекунад, мегӯяд, саҳми андозу пардохтҳои гумрукӣ дар нархи моли ӯ баъзан аз қимате, ки ба тавлидкунандаи ин мебел медиҳад, бештар мешавад: “Ҳаҷми молиёт хубтар буд, вале дар чанд соли охир вазнинтараш карданд. Ман фақат барои як мағозаам ҳар моҳ то 300 доллар андоз месупорам. Ҳамин тавр, барои ҳар контейнер дар гумрук 5-6 ҳазор доллари дигар пардохт мекунам, ки болои нархи мол замм мешавад.”

Кодекси кунунии андози Тоҷикистон, ки ҳанӯз соли 2004 тасвиб ва дар 8 соли гузашта чанд дафъа таҳрир шудааст, 17 навъи андозро пешбинӣ мекунад. Аз ин 17 навъи андоз маъмултаринҳояш яке андози иҷтимоист, ки 25 фоизи маоши коргарро “мехӯрад”, якеи дигар - андоз аз арзиши иловашуда(НДС), ки 18 фоизи гардиши соҳибкорро ба худ “ихтисос” медиҳад. Ҳамин тавр, корхонаҳои тавлидотӣ 15 дарсад ва ширкатҳои тиҷорӣ 25 дарсад андоз аз ашхоси ҳуқуқӣ месупоранд. Дар Тоҷикистон ҳатто болои хадамоти телефонҳои мобил ва интернет андози аксизӣ ҷорӣ кардаанд, ки дар дунё ҳамто надорад.

Вале умдатарин навъи андоз, ки ба фаъолияти тиҷории чӣ ширкатҳои хурду бузург ва чӣ ба кори соҳибкорони инфиродии бозорнишин ҳамарӯза таъсири мустақим дорад, андоз аз арзиши чакана аст. Қаблан меъёри ин навъи андоз вобаста ба манотиқи Тоҷикистон аз 0,5 то 3 фоиз баровард мешуд, вале ду сол пеш барои тамоми кишвар меъёри ягонаи андоз аз фурӯши чаканаро ҷорӣ карданд. Ва албатта, меъёри ҳадди аксараш – 3 фоизро, ки фиғони соҳибкоронро ба осмон баровард. Онҳо мегӯянд, гардиши мол дар шаҳрҳои бузург ва дар навоҳии дурдаст бамаротиб фарқ мекунад ва бо як андоза чен кардану андоз бастани як тоҷири бозор дар Душанбе ва як ҳамтои ӯ, барои мисол, дар Мурғоб камоли инсоф нест.

Ба гуфтаи манобеи огоҳ, тарҳи нави Кодекси андоз анвои мавҷудаи молиёт дар Тоҷикистонро бояд хеле коҳиш бидиҳад ва аз ҷумла лағви андоз аз фурӯши чаканаро ҳам дар назар дорад. Тарҳи нав бояд то моҳи март ба парлумон мерасид, вале дар посух ба эътирозҳои зиёди маҳофили соҳибкорӣ, раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон замони баррасии онро тамдид кард. Ба Куммиссиюни таҳияи ин тарҳ то ҳол зери 2500 пешниҳод ироа шудааст. Вале Рустам Ҷабборов- муовини раиси Кумитаи андоз ва аз муаллифони тарҳи ҷадиди Кодекси молиёти Тоҷикистон - ба Радиои Озодӣ гуфт: “Барои соҳибкор як дирам ҳам пулест, ки ӯ бо дарди миён ба даст меорад. Дар Тоҷикистон супурдани андоз ҳанӯз одат нашудааст, маданияти андозсупорӣ то ҳол шакл нагирифтааст. Аммо мо маълумоти асосноке нагирифтаем, ки бори андоз хеле сахт бошад.”

Роҳи дигар ҳаст!

Мақомот мегӯянд, давлати Тоҷикистон манбаъи дигари пур кардани будҷаашро ба ҷуз аз молиёту боҷу хироҷ тақрибан надорад ва маҷбур аст, барои иҷрои барномаҳои иҷтимоие, чун пардохти нафақа, ё таъмини соҳоти тиббу маориф ба ҷайби мардум чашм бидӯзад. Аммо муҳаққиқи масоили молиёти Тоҷикистон Баҳор Қамаров мегӯяд, такя ба танҳо паҳлуи фискалии масъала ва талош барои пур кардани будҷа гоми дурусте нест, чунки як вазифаи дигари дараҷаи аввал барои ҳар давлат таъмини рушди иқтисодаш аст, ки як омили он таҳияи шароити пуримтиёз барои соҳибкорист.

Баҳор Қамаров меафзояд: “Масалан, паст кардани меъёри андоз имкон медиҳад, ки манбаъҳои андозбандӣ, яъне субъектҳои андозсупор, зиёд шаванд ва албатта, дар маҷмӯъ, ҳамон маблағи барои давлат лозим ҷамъ оварда хоҳад шуд. Вале ҳар қадар меъёри андоз гарон шавад, бахши хусусӣ ҳамон қадар кӯшиш мекунад ба иқтисоди соягӣ рӯ биорад ва аз пайи пинҳон кардани манбаъи даромад ё кам нишон додани манбаъи он навъи андозе шавад, ки пардохтанаш барои соҳибкор гаронӣ мекунад.”

Пардохти молиёт тавассути Интернет

Рустам Ҷабборов- муовини раиси Кумитаи андоз гуфт, тарҳи нави Кодекси андоз теъдоди андозҳоро камтар карда, ба соҳибкорон хеле сабукиҳо хоҳад овард, вале муҳимтар аз ҳама, ба ақидаи ӯ, гузариш ба низоми электронист, ки дасти фасод ва тахаллуфи нозиронро кӯтоҳтар хоҳад кард: “Асосан қисми маъмурикунонӣ сабуктар мешавад. Мо ҳозир тартиби электронии ироаи эъломияро пешбинӣ мекунем, ки соҳибкор метавонад аснодашро аз хона пур кунад. Бо ин роҳ, ҳар хел гапҳо кам шуда, соҳибкор бо нозири андоз ҳам камтар вомехӯрад. Феълан ягон 50 корхона бо ин тартиб андоз месупоранд ва дар оянда мо ба пуррагӣ ба ҳамин низоми электронӣ хоҳем гузашт.”

Иқтисоддони тоҷик Баҳор Қамаров содда кардани қоғазбозӣ дар ниҳодҳои молиётӣ ва кӯтоҳ кардани дасти дахолати маъмурони андозро ҳам муҳим медонад, вале ба ақидаи ӯ, меъёри андозбандӣ бояд ислоҳ шавад ва мутаносиб бо шароити мардум дар Тоҷикистон бошад: “Агар бо коҳиши шумораи андозҳо
IRS аз ҷумлаи ширкатҳоест, ки аз пардохти андоз озод аст
IRS аз ҷумлаи ширкатҳоест, ки аз пардохти андоз озод аст
меъёри андозбандӣ ҳам сабук нашавад ва ба соҳибкор гаронӣ кунад, ба чизе ноил намешавем. Соҳибкор фаъолияташро ё қатъ мекунад, ё ба соҳаҳое, ки нисбатан сабуктар андозбандӣ мешаванд, масалан, ба тиҷорат рӯ меорад.”

Ҳоҷӣ Боев, соҳибкори тоҷик низ мегӯяд, сабук кардани бори андоз метавонад бистари пешрафти корро барои тоҷирон фароҳам оварда, нархҳоро ҳам дар бозор хеле пойин бубарад: ”Андоз агар сабук шавад, хеле хуб мешавад. Агар ба ҷои 2000 мо 1000 сомонӣ андоз супорем, нархи моли мо хеле арзонтар мешавад барои харидор.”

IRS кай андоз хоҳад супурд?

Аммо дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон барои пур кардани будҷаи давлат асосан ба андози соҳибкорони инфиродӣ ва тоҷирони хурду миёна чашми умед дӯхтаанд, бо қарорҳои вижа шонаи бархе аз ширкатҳои азими бе ин ҳам дар ин кишвар ангуштшуморро аз масъулияти пардохти молиёт қисман ё комилан холӣ мекунанд. Аз ҷумла, “Тоҷирон” ва IRS- ширкати масъули пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд, ки бо вуҷуди сарусадои зиёд дар матбуот то ҳол аз ифшои исми моликони аслиаш худдорӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG