Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Бонки Ҷаҳонӣ аз уфту хези қимати маҳсулоти ғизоӣ


Бонки Ҷаҳонӣ нигарон аст, ки хушксолӣ дар ИМА, боронҳои паиҳам дар кишварҳои Аврупо ва беборишӣ дар Русия, Украина ва Қазоқистон ба баландшавии қимати маҳсулоти ғизоӣ сабаб мешавад.

Ин ҳолат ба сифати зиндагии қишри камбизоати ҷомеъа таъсири манфӣ мерасонад, омадааст дар ҳисоботи ахири Бонки ҷаҳонӣ.

Муаллифони ин ҳисобот ба коҳиш ёфтани ҳосили зироъат дар Русия, Украина ва Қазоқистон дар пайи беборишӣ таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд.

Дар миёнаҳои моҳи июни соли 2012 қимати гандум ҳудудан 50 дар сад ва баҳои ҷуворӣ беш аз 45 фоиз боло рафтааст. «Мо набояд иҷоза диҳем, ки болоравии мувақатии қимати маҳсулоти ғизоӣ ба паёмадҳои дарозмуддати зиндагии мардуми камбизоат дар ҷаҳон анҷом ёбад», гуфтааст президенти Бонки Ҷаҳонӣ Ҷим Ён Ким.

Мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ зикр мекунанд, ки уфту хези қимати маводи ғизоӣ ба ҳолатҳои пешбининошуда дар бозор ва вобаста ба амнияти ғизоӣ таваккалҳои ҷиддӣ дар пай дорад.

Дар баробари ин онҳо ишора мекунанд, ки уфту хези қимати маводи ғизоӣ риштаи сармоягузории соҳаи кишоварзиро низ заиф мекунад. Тибқи иттилои Бонки Ҷаҳонӣ феълан дар ҷаҳон бештар аз 1 миллиард инсон аз гуруснагӣ азият мекашад.

Норасоии ғизо ба афзудани бемориҳои атфол, коҳиши маҳсулнокии меҳнат ва марги инсонҳо сабаб мешавад. Дар ҷаҳон ҳар як ҳодисаи сеюми марги кӯдакон ба норасоии ғизо марбут дониста мешавад, омадааст дар ҳисобот.



Дар Тоҷикистон низ қимати орду гандум боло меравад

Як халтаи 50 килоии навъи аввали орди Қазоқистон дар бозорҳои Душанбе имрӯзҳо наздик ба 150 сомонӣ арзиш дорад. Дар навоҳии кишвар қимати он ба маротиб бештар аст. Ҳамчунин болоравии қимати маҳсулоти ҳама намуди ғаладона дар бозорҳои кишвар дар назар аст.

Дар ҳамин ҳол, як моҳ қабл, вазири иқтисод ва савдои кишвар Шариф Раҳимзода дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки нархи орду гандум дар Тоҷикистон бинобар сабаби наборидани борон боло хоҳад рафт. «Хушксолӣ ба баланд шудани қимати орду гандум ва дигар маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон таъсир мекунад. Эҳтимол аст, ки баҳои маводи ғизоӣ минбаъд низ боло равад, ҳама чиз аз ҳосил вобаста аст. Агар ҳаҷми ҳосили кишоварзон талаботи мардумро қонеъ накунад, нархи маҳсулот боло меравад. Аз ин рӯ ҳар як оила бояд ба қадри имкон маводи ғизоӣ захира намояд», афзуд Шариф Раҳимзода.

Ба гуфти Раиси бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт Асомиддин Ризоев бо пешниҳоди ҳукумати шаҳри Душанбе аз захираҳои давлатӣ ҳар рӯз ба ин бозор бо қимати 110 сомонӣ халтаи орд пешкаш мешавад.

Харидорон мегӯянд, вақте комиссияи вижаи ҳукумати шаҳр дар бозорҳо пайдо мешавад, ордфурӯшон ночор нархи худро кам мекунанд. Дар ғайри он, ин навъи маҳсулот бо нархи гарон ба фурӯш гузошта мешавад.

Тақрибан як ҳафта қабл нархи орд арзон буд ва дар ҳамаи бозорҳои пойтахт 110 то 115 сомонӣ нарх дошт.

Аскар Нуралиев, сардори Раёсати маркетинг ва танзими бозори вазорати иқтисод ва рушди савдои Тоҷикистон ба «Озодӣ» гуфт, ки дар ҳақиқат нархи орд рӯ ба гароншавӣ дорад, вале ниҳоди онҳо дар ҳамин замина як таҳқиқотеро роҷеъ ба сабабу омилҳои қиматшавии орд дар рӯзҳои наздик анҷом хоҳад дод.

Аммо як масъули дигар дар ҳамин вазорат гуфт, маҳдудиятҳо аз сӯи кишвари ҳамсояи Узбакистон дар роҳҳои мошингард ва оҳан, боиси болоравии нархи орд шудааст.

Сабзалӣ Раҳматуллоев, як фурӯшандаи орд дар бозори Шоҳмансур мегӯяд, ки ҳукумати шаҳр борҳо дастур додааст, ки халтаи орд аз 110 сомонӣ бештар фурӯхта нашавад, вале вақте воридшавии орд кам аст, ночор нархи он барои пӯшиш додани харчу сарфҳои интиқоли он боло бурда мешавад.

Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо воридкунандаи аслии маҳсулоти ғалдонаӣ ва орд ба Тоҷикистон Қазоқистон аст. Дар нимсолаи аввал ба кишвар 175 ҳазоро тонна ғаладона ва 190 ҳазор тонна орд аз ин кишвар ворид шудааст.
Мардуми Тоҷикистон дар сол ба ҳудуди якуним миллион тонна орд ниёз дорад. Дар ҳоле ки соли гузашта дар кишвар каме бештар аз 600 ҳазор тонна ғалла тавлид карда шуд ва наздики 800 ҳазор тонна орду ғалла ворид гардидааст.
XS
SM
MD
LG