Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии Парвиз Собиров дар Олимпиадаи Лондон


Парвиз Собиров
Парвиз Собиров

Парвиз Собиров, паҳлавони тоҷик, дар Олимпиадаи Лондон дар сабқати дзюдо ноком шуд.

Имрӯз, якуми август, Парвиз Собирови 31-сола дар риштаи дзюдо дар вазни то 90 килограмм дар даври 1/16-ниҳоӣ аз ҳамсолаш Роберто Мелонии итолиёвӣ шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт. Панҷ дақиқаи замони асосӣ ғолибро муайян накард. Барои ғолибро муайян кардан 3 дақиқа замони изофӣ ё Golden Skore (имтиёзи тиллоӣ) таъйин шуд. Мелони Роберто як shido ва як vaza-ari гирифт ва ғолиб шуд.

Умуман, дар ҷараёни ин сабқат Мелони як огоҳӣ ва як vaza-ari ва Парвиз Собиров бошад, як yuko (имтиёз) ва се shido (огоҳӣ) гирифт.

Мелони дар ҳаштякфинал бо Тиаго Камилои 30-сола (Бразилия), ки дар даври муқаддамотӣ бар Роман Гонтюки 28-сола (Украина) дар муддати 3 дақиқаю 1 сония ғалабаи соф (иппон) ба даст овард, қувва мезмояд.

Бегоҳи имрӯз, соати 18:15 ба вақти Душанбе Анвар Юнусови 25-сола дар сабқати бокс дар вазни то 56 килограмм дар даври ҳаштякниҳоӣ бо Оскар Валдеси 21-сола (Мексика) рақобат мекунад.

Коршиносон аз муштзани тоҷик, ки барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон ва қаҳрамони Осиё мебошад, пирӯзиро чашмдоранд. Ғолиби сабқати Анвар Юнусов – Оскар Валдес дар даври чаҳоряниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ҷоҳн Ҷои Невини 23-сола (Ирландия) – Қанат Абутолибови 29-сола (Қазоқистон) қувваозмоӣ хоҳад кард.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 16 варзишгар дар ҳафт ришта - бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквандо, тирандозӣ ва шиноварӣ намояндагӣ мекунанд.

То ҳоло панҷ варзишгари тоҷик - Сергей Бабиков (тирандозӣ), Собирҷон Назаров, Ҷаҳон Қурбонов (ҳарду – бокс), Расул Боқиев ва Парвиз Собиров (ҳарду - дзюдо) дар рақобатҳо ширкат карданд, вале аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
XS
SM
MD
LG