Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: "Таҳдиди терроризм ҳамоно пойбарҷост"


Вошингтон бо нашри гузорише эълом дошт, ки соли гузашта “соли чархиш ё таҳаввул дар мубориза бо терроризм” буд.

Дар гузориши ахири вазорати умури хориҷии ИМА куштори раҳбари пешини “Ал-Қоида” Усома бин Лодин дар моҳи майи соли 2011 муҳимтарин нуқтаи ин чархиш унвон шудааст. “Моҳи августи соли гузашта фармондеҳи аршади ин шабака Атия Абдулло Раҳмон дар Покистон ва як моҳ баъд раҳбари “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Арабистон Анвар ал-Авлакӣ дар Яман кушта шуданд ва ин талафот “Ал-Қоида”-ро он қадар заъиф кард, ки акнун ислоҳи вазъ барои шабака номумкин ба назар мерасад”, - навиштаанд муаллифони гузориш.

Даниэл Бенҷамин, ҳамоҳансози вазорати умури хориҷии ИМА дар бахши мубориза бо терроризм, дар ташреҳи гузориши нав дар Вошингтон гуфт, ки ҳаводиси “баҳори араб” низ баёнгари пойин рафтани нуфузи “Ал-Қоида” дар кишварҳои мусалмонӣ буд: “Мо дидем, ки миллионҳо сокинони Ховари Миёна бидуни дахолати Ал-Қоида хостори тайғироту ислоҳоти сиёсӣ дар кишварҳояшон шуданд”.

Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки заъфи “Ал-Қоида” ва ҳамзамон беҳтар шудани тавоноии муқовимат бо терроризм дар бархе кишварҳо боиси коҳиш ёфтани ҳамлаҳои террористӣ дар ҷаҳон гардид. Гузориш ҳокист, соли гузашта дар 70 кишвари олам 10283 ҳамлаи террористӣ анҷом шуд, ки ба риштаи умри беш аз 12500 нафар миқроз (қайчӣ) зад. Шумораи ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистону Ироқ назар ба солҳои пеш 15 дар сад кам шуд.

Даниэл Бенҷамин мегӯяд, бо вуҷуди ин ИМА ва олам ҳанӯз ҳаққи “нафаси сабук” кашидан надоранд, зеро таҳдиди терроризм ҳамоно пойбарҷост. Дар гузориш гуфта шудааст, ки “Ал-қоида” дар шимоли Африқо ва дар нимҷазираи Арабистон нерӯмандтар мешавад - ҳаводиси Либия ва Малӣ баёнгари ин аст. Дар қораи Африқо - гурӯҳи “Бока Ҳаром”-и Нигерия ва дар Амрикои Лотин созмони ФАРК-и Колумбия ба таври фаровон ҳамлаҳои террористӣ анҷом медиҳанд.

Аз кишварҳои зери заррабини Вошингтон, ба гуфтаи Даниэл Бенҷамин, Эрон аз соли 90-уми ба ин сӯ кишвари бузурги сармоягузори терроризм боқӣ мемонад. Ӯ мегӯяд, ки “мо аз амалҳои Эрон тавассути нерӯҳои “Қудс”-и Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва ҳамчунин ҳамроҳ бо “Ҳизбуллоҳ” нигаронем, зеро аъмоли онҳо боиси бесуботӣ дар ҳама олам мешавад. Мо ҳамроҳ бо ҳампаймонҳоямон сарсахтона талош дорем, ки нақшаҳои Эронро ноком созем ва аз сармоягузории Эрон ба ҳамлаҳои нави террористӣ ҷилавгирӣ намоем”.

Вазорати умури хориҷии ИМА бомгузорӣ дар фурудгоҳи “Домодедово”-и Маскав дар моҳи январи соли 2011 ва ҳамлаи Андерс Брейвик дар Норвегия дар моҳи июли соли гузаштаро намунаи “ҷаҳонӣ шудани терроризм” номидааст. Ба навиштаи муаллифон, гурӯҳҳои ифротгаро чун пештара дар Покистон паноҳгоҳ пайдо мекунанд ва аз ин рӯст, ки сатҳи ҳамлаҳои террористӣ дар кишвар назар ба соли 2010 тақрибан 8 дар сад афзоиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Даниэл Бенҷамин, ИМА аз фаъолияти шабакаи Ҳаққонии мустақар дар Покистон, ки бо ҷунбиши “Толибон” робитаи мустақим дорад, сахт нигарон аст. Ӯ меафзояд, Вошингтон аз Исломобод хостааст то аз фаъолияти гурӯҳи ҷангҷӯи “Лашкари Тайиба” ҷилавгирӣ кунад.
XS
SM
MD
LG