Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё «диплом» кафили доштани нони "равғанин" аст?


Таҷрибаи 20 соли ахир собит мекунад, бо он ки ҷавонон маълумоти олӣ мегиранд ё на, аммо ин дар рӯзгори минбаъдаи онҳо нақше надорад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки бештари ҷавонон бо ҳар роҳ мехоҳанд то вориди Донишгоҳ шаванд ва диплом ба даст оранд.

Аммо мушоҳидаҳо ҳокист, ки имрӯз бештари ҷавонон аз рӯи тахассуси худ кор намекунад. Зеро бо пешаи худ кор кардан зиндагии худро сохта наметавонанд. Ин аст, ки ҷомеаи ҷавони Тоҷикистонро мушкили манзил ва шароитҳои иҷтимоиву иқтисодӣ пешо рӯ шуда, ки метавонад «таркише» -ро ба вуҷуд орад. Он гуна, дар бархе аз кишварҳо мушкилоти иҷтимоӣ, ҷавононро водор ба майдонҳо кардааст.

Дилафрӯзи Анвар, як ҷавонзан аз пойтахти кишвар чунин мешуморад, ки имрӯз гирифтани маълумоти олӣ наметавонад, кафолати зиндагии шоистаи фард бошад.

Дилафрӯз, соҳиби ду фарзанд аст ва даҳ сол инҷониб дар яке аз Донишгоҳҳои Тоҷикистон кор мекунад. Ин ҳам дар ҳоле, ки вай дар замони мактабхониаш ният дошт, то пас аз хатми мактаби миёна, ҳатман таҳсилашро дар донишгоҳ идома дода, соҳиби маълумот шуда ва аз ин тариқ ояндаи хуби худу фарзандонашро таъмин месозад. Аммо имрӯз вай дарк кардааст, ки ҳамаи ин орзӯҳояш хаёлҳои бофтаи ӯ будаанду аз ҳақиқат дур.

Дилафрӯзи Анвар мегӯяд, «аламовар ин аст, ки мо ду нафар дар корхонаи давлатӣ кор мекунем. Шавҳарам шабонарӯзӣ кор мекунад. Аммо наметавонем ҳатто як манзил харидорӣ кунем. Вай кор мекунад ва ба хурду хӯрок маошаш базӯр мерасад. Ман бошам, маошамро ба сару либоси фарзандону боғча сарф мекунам. Бо ҳамин зиндагиамонро пеш мебарем».

Аммо дар ҳоли ҳозир на ҳамаи ҷавонон мисли Дилафрӯз бо моҳонаи ночиз таҳаммул карда ва корашонро аз рӯи ихтисос идома медиҳанд. Аксарияти онҳо барои дарёфти зиндагии сазовортар ё тағйири тахассус мекунанд ё рӯ ба тиҷорат меоранд ва ё тарки ватан карда, муҳоҷиратро пеш мегиранд.

Акбари Азим, ҷавоне, ки шӯъбаи коргардонии факултаи фарҳангшиносии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро хатм кардааст, чанд муддат бо ихтисоси худ фаъолият намуд, аммо баъди бунёди оила, он маоше, ки ӯ мегирифт, барои кашидани аробаи зиндагӣ кифоят накард.

Ба ин далел Акбар маҷбур шуд, манбаъҳои дигари даромадро ҷустуҷӯ намояд. Ин буд, ки Акбари коргардон, соҳибкор шуд. Вай дар ин бора гуфт, «давра, давраи иқтисодиёти бозоргонӣ, ки мебошад, ҳозир ман метавонам тавассути тиҷорат зиндагонии худро пеш барам. Албатта, ҳама мехоҳад, ки мувофиқи ихтисоси худ кор кунад, аммо чӣ илоҷ, ки ин ба ҳама муяссар шуда наметавонад. Сабабаш маълум, набудани ҷойи кор ва кам будани маош» .

Сокини шаҳри Душанбе, Мухбира Мардонова, 26 сол дорад. Мухбира худро ба иқболтарин ҷавон дар кишвар мешуморад. Зеро ки тавассути талошҳои пайвастааш тавонист зиндагиашро ба як маҷрои дуруст ворид созад. Мухбира худ рӯзноманигор аст. Вале боз ҳам бинобар маоши кам тарки пеша намуд. Номбурда бо маблағи зиёд курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзиро пушти сар кард ва ҳоло дар яке аз созмонҳои хориҷӣ кор мекунад.

Ҳамакнун бо он ки Мухбира дастмузди хуб ҳам мегирад, вале боз ҳам мехоҳад дар яке аз кишварҳои Аврупо зиндагӣ кунад, чунки ояндаи ду нафар фарзандаш ӯро ба ин водор месозад: «Бо боварӣ наметавонам бигӯям, ки фардо кӯдакони ман дар Тоҷикистон метавонанд мақоми худашона биёбанд. Ман ба ин боварӣ надорам. Бо ин сатҳи маориф, бо ин шароити дарёфти ҷойи кор ва маош намешавад зиндагӣ кард. Барои ҳамин ман мехоҳам, ки аз инҷо равам!»

Бо таваҷҷӯҳ ба чунин таззодҳои зиндагӣ, коршиносон ба боло бурдани мақому ҷойгоҳи ҷавонон дар ҷомеа таъкид мекунанд.

Коршинос Музаффар Мадалиев мегӯяд, ҳатто он ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар маълумоти олӣ мегиранду саводи хуби замонавӣ доранд, аз сабаби набудани шароити мусоид барои рушди худ наметавонанд маоши хуб бигиранд ва рӯҳафтода ҳам мегарданд. Вай барои аз байн бурдани ин мушкил се омили асосиро пешниҳод мекунад:

«Якумаш – тараққи кардани соҳибкории хурду миёна. Имрӯз мо шоҳид ҳастем, ки аксарияти соҳибкорон ба мағоза, бозор ва тарабхонаҳо диққат медиҳанд. Ин ба фикри ман на он қадар дуруст аст. Корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд кардан лозим. Дуюмаш - холи кардани ҷойи кор барои ҷавонон. Дар давлатҳои тараққикарда корфармо кормандеро, ки 2-3 cол мондааст барои ба нафақабароияш аз ҳисоби худ ба нафақа мебарорад. Мақсади ин амал холи кардани ҷойи кор барои ҷавонон аст. Ва сеюм ба ҷавонон бовар кардан лозим. Калонсолон ба ҷавонон боварӣ надоранд. Лекин технологияи пешрафта ва талаботи замон ин чизро зарур мешуморад. Бо боварӣ ҷавононро ба мансабҳои роҳбарӣ пешниҳод кардан лозим».

Дар ҳамин ҳол барои насле, ки дар даврони Шӯравии пешин зиндагӣ кардааст, доштани маълумот, кафили дурахшидани ҷавонон дар оянда мегардид. Ба ин маънӣ, ки ҷавони ба истилоҳ «советӣ» бо маълумоти ба даст овардааш ва пешае, ки фаъолият мекард, метавонист зиндагии худро бисозад ва шароитеро, назири манзили зист барои худ ва фарзандонаш фароҳам мекард. Афзун бар ин, ин ҷавон метавонист, заминаро барои сохтани карераи худ муҳаё созад.

Қиёмиддин Миралиев, cардори шӯъбаи сиёсати иҷтимоии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар ин росто иброз дошт, ки ҳоло сохти давлат дигар шудааст ва албатта дар баробари ин фаҳмишу манфиатҳо низ тағйир ёфтаанд:

«Тибқи принсипҳои давлати демократӣ дар ин ҷода давлат ҷойи кор таъмин намекунад. Дар ин самт давлат мусоидат мекунад, барои фароҳам овардани ҷойҳои корӣ. Барномаи ҷавонон инқадар маблағи зиёд надорад, ки ҳар як нафаре ки мушкил дошта бошад ӯро дастгирӣ намояд. Лекин бо қадри имкон ҳудуди фарз кардем аз сад нафар муроҷиаткунандагон 80-85 нафараш бавосита ё бевосита дастгирӣ меёбад. Ҳамчунин ҳоло барномаи давлатӣ оид ба таъмин намудани ҷавонон бо манзили истиқоматӣ мавриди таҳия қарор дорад. Ва бо мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор фикр мекунам, ки амалигардии он барои мо боз дастовардҳои зиёде ба бор орад».

Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон дар соли 2011, 4225 нафар хатмкунандагони коллеҷу Донишгоҳҳои омӯзгорӣ бар асоси роҳхат ба муассисаҳои таълимӣ фиристода шудаанд. Аммо аз ин ҷумла танҳо 2 хазору 918 нафар ё худ ҳудуди 70 дар сад ба кор дар муассисаҳои таъйиншуда ҳозир гаштаанд.

Соҳибназарон бар ин боваранд, ки дар тамоми кишварҳо ҷавонон захоири стратегӣ ба ҳисоб мераванд, ки ба онҳо ояндаи ин ва ё он давлат вобаста мебошад. Вале ин захоири муҳими стратегӣ ба худ муносибати вижаро талаб мекунад, зеро ҷавонон ҳам шавқу завқи ба хеш хос, мушкиливу ниёзҳоро доранд.

Ба таъкиди ин соҳибназарон, барои Тоҷикистон, ки як давлати соҳибистиқлол мебошад, сиёсати ҷавонон ва амалӣ созии минбаъдаи муассири он бояд яке аз афзалиятҳои муҳим дар роҳи рушди стратеҷӣ бошад. Зеро маҳз ҷавонони хирадманд ва аз ҷиҳати молиявӣ таъмин буда, метавонанд кафили гулгулшукуфоии давлат гарданд.
XS
SM
MD
LG