Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Улгусозӣ аз се ҷавони лулӣ барои хизмат дар артиш


Лӯлиҳои маскун дар яке аз деҳаҳои атрофи Душанбе (акс аз бойгонӣ)
Лӯлиҳои маскун дар яке аз деҳаҳои атрофи Душанбе (акс аз бойгонӣ)

Барои нахустин бор дар бист соли ахир се ҷавони лулии муқими ноҳияи Восеъ хидмати артиши Тоҷикистонро анҷом дода, ба зодгоҳашон баргаштанд.

Комисаритаи ҳарбии ноҳияи Восеъ барои ҷалби бештари лулиён аз ин се ҷавон ҳамчун намунаи ибрат маъракаи таблиғӣ ба роҳ мондааст. Дар ин маърака, ҷавонони лулӣ ва модарони онҳо аз шароитҳои хидматӣ ҳарбӣ ба дигар лулиён сӯҳбат мекунанд ва онҳоро барои ба артиш рафтан ҷалб менамоянд.

Бибиҳоҷимоҳ, модари яке аз ин ҷавонони лӯлӣ мегӯяд, аз бозгашти фарзандаш хеле шод аст ва дигар ҳамқавмонашро барои хидмат дар артиш даъват мекунад:
«Фарзанди ман зану фарзанд дошт, лекин рафта, сарбаландона хизматро анҷом дод. Ҳозир ман хело хурсандам, ки писарам ба назди ману зану фарзандҳояш баргаштааст.»

Сайфулло, аз ҷумлаи он ҷавононест, ки аз артиш баргаштааст. Ӯ мегӯяд, ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафта буд ва ду солро бе ҳеҷ мушкиле паси сар кард: «Мо ихтиёрӣ рафтем. Шароитҳо сад фоиз хуб буд. Дар Қумсангиру Шаҳритус хизмат кардем. Хӯроки гарм, ҷои хоб хуб буд.»

Қизилбону, модари яке аз ин сарбозони аз артиш баргашта мегӯяд, ҳамакнун ӯ бо ин фарзандаш назди дигар аз ҳамқавмонаш фахр хоҳад кард. Аммо бо ин вуҷуд ӯ розӣ нест, ки фарзандаш тарки пешаи аҷдодиаш кунад:
«Фахр мекунам, ки бачаам рафта хизмат кардаст. Лекин ман хоҳиши онро дорам, ки ҳар коре, ки мекунад, аммо урфамонро аз ин пас напартояд. Ин урфи мо ҳаст ва бояд дар вақтҳо бекорӣ турба гирифта бароем.»

Дар ҳамин ҳол, Зубайдулло Абдуллоев, комисcари ҳарбии ноҳияи Восеъ мегӯяд, ду соли пеш бо душвории зиёд 7 тан аз лулиёро ба артиш ҷалб карда буданд ва ҳоло ба назар мерасад, ки чунин маъракаҳои таблиғӣ самарабахш мебошанд: «Ҳозир чанд нафари дигар гуфт, ки мо розием, ки рафта хизмат кунанд. Мисли солҳои пеш ҷалби онҳо ба артиш мушкил нест, вале мушкили дар ҳуҷҷатгузорӣ ҳаст, ки бархе сину солашон ба хизмат расидааст, вале шиноснома надоранд. Оиладор аст, вале хати никоҳи давлатӣ надорад. Мушкил танҳо ҳамин аст.»

Дар ду ҷамоати ноҳияи Восеъ беш аз ду ҳазор хонаводаи лулитаборон ба сар мебаранд. Тибқи иттиллои комиcсариати ҳарбии ноҳияи Восеъ, аз ин миён беш аз дусад ҷавони лулӣ синнашон ба хизмат расидааст, вале дар ҷалби онҳо ба сафи артиш мушкилиҳо ҷой дорад.

Лулиён шуғлу касби худро талбандагӣ дониста, ба ҳеҷ рукни ҳаёти мулкӣ, аз ҷумла хидмат дар артиш розӣ нестанд. Хидмати се ҷавонбписари лулӣ дар Артиши Тоҷикистон мавриди нодир дониста мешавад ва ҷалби лӯлиён ба артиш дар ҳолест, ки бисёре аз ҷавонони тоҷик дар сафи артиш хидмат кардан намехоҳанд.
XS
SM
MD
LG