Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии авзоъи Хоруғ дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон


Ҳукумати Тоҷикистон вазъ дар Бадахшон, ба хусус шаҳри Хоруғро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дод.

Ҷаласаи ғайринавбатиии Ҳукумати Тоҷикистон, ки шоми рӯзи чоршанбеи 25 июл зери раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт, вазъи феълии Бадахшон, ба вижа шаҳри Хоруғ, маркази ин виляотро мавриди баррасии ҷиддӣ қарор дод. Ба иттилои Хадамоти матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст дар ин ҷаласа Шерхон Салимзода, додситони кулл, Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Мамадшо Илолов, раиси Академияи улуми Тоҷикистон дар робита ба таъмини эътидол дар шаҳри Хоруғ гузориш доданд.

Ин буд, ки пас аз баррасии вазъ дар Бадахшон, аз мардуми шарифи ин вилоят, ба хусус сокинони шаҳри Хоруғ даъват ба амал оварда шуд, то барои ба муҷозот кашондани гурӯҳҳои ҷинояткор ва таъмини волоияти қонун ва назму тартибот ҳамкории худро бо мақомоти давлатӣ дареғ надоранд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки гурӯҳҳои ҷинояткори мусаллаҳ бояд силоҳҳои худро ба замин гузоранд ва дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

Аз сӯи дигар аз раҳбарони мақомоти масъули давлатӣ ва мардуми вилояти Бадахшон, ба хусус аз ҳама шахсиятҳои бонуфузи ин минтақаи кӯҳистонӣ талаб шуд, то барои барқарории фазои амну субот ва эътимоди байниҳамдигарӣ талош варзанд, то аз ҷурму ҷиноят ва аъмоли худсаронаи ғайриқонуннии гурӯҳҳо ва нафарони ҷиноятпеша ҷилавгирӣ шавад.

Давлати Тоҷикистон дар ҳоле, вазъ дар вилояти Бадахшонро ба баррасӣ гирифтааст, ки ду рӯзи пеш неруҳои давлатӣ алайҳи гурӯҳҳои созмонёфта дар Бадахшон амалиёти вижаеро ба роҳ андохтанд.

Тибқи хабарҳои расмӣ дар ҷараёни ин амалиёт, 42 нафар, ки 12 нафари он сарбозону афсарон ва бақия аъзои гурӯҳҳои созмонёфта ҳастанд, кушта шуданд.

Бар асосии манобеъи мӯътамади РО дар натиҷаи ин амалиёт 18 сокини осоишта ҳалок шудааст ва пас аз эъломи оташбаси комил тавассути Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон шоми дирӯз амалиёти неруҳои давлатӣ алайҳи ин гурӯҳҳо ба поён расидааст.
XS
SM
MD
LG