Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти вижаи нирӯҳои амниятӣ дар Хоруғ ба анҷом расидааст


Дар ин бора як манбаи мӯътамади Озодӣ дар Бадахшон хабар дод.

Вай гуфт, ки ҳоло шаҳр орому осуда аст ва дар баъзе ҷоҳо фурӯшгоҳҳои ғизо боз шудаанд. Бозори маҳаллӣ ҳанӯз баста аст. Дар кӯчаву хиёбонҳои Хоруғ аҳёнан низомиёнро дидан мумкин аст. Бино ба иттилои як сокини Хоруғ, гурӯҳи хурде аз низомиёни нирӯҳои таъйиноти махсус дар маҳаллаи УПД, ки яке аз манотиқи аслии даргириҳои нирӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои силоҳбадаст будааст, силоҳ дар даст ба чашм мехӯрданд. Аксари дигар низомиён ба қароргоҳашон дар қисми вазорати дифоъ воқеъ дар фурудгоҳи Хоруғ ба сар мебаранд.

Як манбаи дигари қобили эътимоди "Озодӣ" гуфт, ки бо чашми худ маросими ҷанозаи ҳадди аққал 15 қурбонии даргириҳои ахирро шоҳид шудааст. Вай гуфт, ки калонсолтарини онҳое, ки ба хок супурда шуданд – корманди идораи обуҳавосанҷӣ Худодод Раҳмихудоеви 68-сола будааст. “Ӯ, мисли бисёр дигар нафарони ғайринизомие, ки дирӯз даргузаштанд, тасодуфан, ҳангоме хостааст аз тиреза ба берун нигоҳ кунад, тир хӯрдааст”, гуфт вай.

Дар миёни кушташудаҳо – Айниддин, писари халифа Сомиддин, яке аз рӯҳониёни бонуфузи маҳаллӣ низ ном бурда мешавад, ки аз тири дайду кушта шудааст. Ба иттилои як манбаи "Озодӣ" дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, дар рӯйдодҳои ду рӯзи ахир дар ҳудуди 20 то 30 сокини осоиштаи Хоруғ кушта шудаанд, ки ҷавонтаринашон эҳтимолан 17-18-сола будааст. “Дар миёни кушташудаҳо ё захмиҳо кӯдакон нестанд”, гуфт ин манбаъ. Манобеи боэътимоди Озодӣ қатли “беш аз 100 низомиро” рад карда мегӯянд, ки шумори кушташудаҳо дар миёни онҳо на бештар аз 40 нафар аст.

Ҳангоми гаштугузор дар хиёбонҳои Хоруғ нишонаҳои даргириҳову ҷангҳои рӯзи ахир бараъло ба чашм мехӯрад, хисороти бештарро манзил ва сохтмонҳои воқеъ дар маҳалли УПД дида мешавад. Бовар меравад, ки ин маҳал ҷои иқомати қотилони генерал Абдулло Назаров, раҳбари раёсати минтақавии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар Бадахшон будааст.

Назаров рӯзи 21 июл аз ҷониби афроди ношинос кушта шуд, ҳукумат масъулияти ин қатлро ба дӯши раиси гарнизони қитъаи марзии “Ишкошим” Толиб Аёмбеков ва тарафдорони ӯ вогузор кард. Аёмбеков аз фармондеҳои собиқ аст, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҷониби оппозитсиюн ҷангида, дар саркашӣ аз ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ муттаҳам шуд. Зимнан, ҳанӯз маҳалли буду боши худи Аёмбеков мушаххас нест, дирӯз дар авҷи ҷангҳо гуфта шуд, ки ӯ ба Афғонистон фирор кардааст. “Шояд ҳам ӯ дар кӯҳҳо пинҳон шуда бошад”, гуфт ӯ.

Манбаи боэътимоди Озодӣ гуфт, ки ҳалокати писари Аёмбеков дар даргириҳои дирӯза ҳам рад шуд. Ба гуфтаи сокинони Хоруғ, онҳо ба амри оташбаси президент Эмомалӣ Раҳмон эътимод доранд ва умедвор ҳастанд, ки бо ҳамин дигар шаҳр ва маҳалли зисти онҳо осудаву ором мешавад. Онҳо умед доранд, ки дигар масъалаҳо бдо роҳи сулҳомез ҳалли худро пайдо мекунанд.

Субҳи имрӯз дар мулоқот бо сокинони Хоруғ, ки аз амалиёти вижаи ҳукумат дар шаҳр изҳори нигаронӣ карданд, раиси вилояти Бадахшон Қодири Қосим гуфт, президент Эмомалӣ Раҳмон дар як сӯҳбати телефонӣ дар бораи ҷориашвии “оташбаси қатъӣ” хабар додааст.

Назар ба иттилои Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар ҳодисаҳои дирӯз 42 нафар, аз ҷумла 12 низомӣ ва 30 узви гурӯҳи мусаллаҳ кушта шуда, 40 нафар боздошт шудаанд. Мақомот дар бораи мусодираи беш аз 100 силоҳу муҳимот ва тир хабар доданд.
XS
SM
MD
LG