Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1,2 миллион доллар барои ҳар нишони олимпӣ


Бозиҳои олимпӣ аз ибтидо усулан сабқати холисонаи зӯри бозу ба шумор мерафтанд ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ ҳам барои барандагони нишонҳои Олимпиада ҷоизаҳои молие таъйин накардааст.

Вале Бозиҳои Олимпӣ, чун соҳоти дигари варзиш, дар солҳои охир ҳарчӣ бештар ҷанбаи тиҷорӣ касб мекунад ва кишварҳои зиёди дунё ҳолиё ба варзишкорони худ дар ивази даст ёфтан ба нишонҳои олимпӣ ваъдаи пулу мол медиҳад. Доманаи ин ваъдаҳо, тавре маълум мешавад, аз мошинҳои боҳашамат сар шуда, ун тарафаш аз 1 миллион доллар ҳам мегузарад.

Сабқати “олимпӣ” байни давлатҳо

Баъд аз соли 1992, ки дар радифи ҳаваскорон ба аксари анвоъи олимпии варзиш варзишкорони ҳирфаиро низ роҳ доданд, онҳо ҳаққ пайдо карданд, ки дар ивази ширкат ва пирӯзӣ дар Олимпиадаҳо аз кумитаҳои маҳаллии олимпиву аз давлатҳои худ ва ҳам аз ширкатҳои алоҳида ҷоизаҳои молӣ бигиранд. Акнун ваъдаи пулу мол дар ивази медалҳои олимпӣ, бахусус дар паҳнои Шӯравии собиқ худ ба навъе сабқат табдил ёфта, Гурҷистон, барои мисол, барои ҳар барандаи нишони тило дар Бозиҳои Лондон, ки 27 июл оғоз хоҳад ёфт, 1 200 000 доллар, Озарбойҷон – 510 000 ва Қазоқистон 250 000 доллар ваъдаи ҷоиза додаанд.

Ин дар ҳолест, ки қудрати бузургтарини дунё –Амрико – барои ҳар медали тилои варзишкоронаш дар Лондон ҳамагӣ 25 000 доллар аҳд супурда, Бритониё – мизбони ин Бозиҳо – ба аъзои ҳайъаташ аслан ягон ваъдаи ҷоиза надодааст. Танҳо имтиёзе ки он ҳам танҳо бархе аз қаҳрамонҳои олимпӣ аз кишвари мизбон хоҳанд дошт, тақрибан 15 000 долларест, ки онҳо шояд дар ивази нашри аксашон дар маркаи почта дарёфт кунанд.

Беларус барои ҳар медали тило 150 000 ва Узбакистон 100 000-долларӣ ваъда супурдаанд. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенка гуфтааст, умедвор аст, ки тимаш аз Лондон бо ягон 25 медал, аз ҷумла “бо 5 медали тило” ақиб хоҳад гашт.

Пешниҳоди Русия барои ҳар нишони тило 125 000 доллар аст ва мақомоти Петербург мегӯянд, ба ҳар варзишкори маҳаллӣ, ки қаҳрамони олимпӣ мешавад, изофатан 33 000 доллар хоҳанд дод. Вале волии Челябинск дар ҳотамӣ Петербургу Маскавро ба як нӯл зада, ба ҳар варзишгар аз ин вилоят, ки аз Лондон бо нишони тило баргардад, 1 миллион доллар ваъдаи ҷоиза додааст.

Тангаи тило дар ивази... нишони тило

Давлати Эрон мегӯяд, ба ҳар қаҳрамони олимпиаш 85 000 доллар ва барои тамоми варзишкорони эроние, ки аз Лондон медал хоҳанд овард, маоши якумрӣ хоҳад дод. Ба ин ташаббуси ҳомиёни молии варзишкорони эронӣ бархе мақомоту созмонҳои дигар низ ҳамроҳ шудаанд, ки барои ғолибони Бозиҳои олимпӣ мошину манзил, замин ва ҳатто тангаҳои тилоро мукофот гузоштаанд.

Дар ин сабқати ваъдаи ҷоизаҳо, кишварҳои фақир аз давлатҳои сарватманд ақиб намеоянд ва Қирғизистон, барои мисол, бо сари баланд аҳд карда, ки аз 14 варзишкораш ҳар касе аз Лондон нишони тило биёрад, 200 000 доллар хоҳад гирифт. Бишкек ба барандагони нишонҳои олимпӣ 500-долларӣ маоши умрбод низ ваъда медиҳад.

Сели ваъдаҳо дар Душанбе

Тоҷикистон 16 варзишкорашро роҳии Лондон кард. Раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар медали тилои варзишкорони тоҷик 300 000 сомонӣ, ё тақрибан 63 000 доллар ваъдаи ҷоиза дода, “Ориёнбонк”-ки марбут ба додарарӯси ӯ Ҳасани Асадуллоҳзода ба барандагони нишонҳои олимпӣ ваъдаи навъҳои мӯҳташами мошини “Лексус” кардааст. Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои варзишгарони пойтахт дар ивази медалҳои тилои Лондон манзил хоҳад дод. Айни ваъдаи эҳдои манзил дар пойтахтро, аммо барои тамоми варзишгарони тоҷик ва барои ҳар се навъи медалҳои Лондон ҳизби мухолифи наҳзати исломӣ низ кард, ки дастикам дар саҳнаи минтақа як иқдоми бесобиқа аз сӯи як гурӯҳи сиёсӣ буд.

Тоҷикистон дар Бозиҳои чор сол пеши Пекин як медали нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварда буд, вале Туркманистон, кишвари дигари Осиёи Марказӣ, ки тайи 20 соли истиқлолаш ягон нишони олимпӣ надорад, имсол низ барои пирӯзӣ дар Лондон ба 10 узви тими олимпиаш чизе ваъда накардааст. Зоҳиран дар Ишқобод имсол ҳам зиёд умедвори даст ёфтан ба нишонҳои олимпӣ нестанд. Ҳарчанд як сабаби ҳиммати баланд ва ҳотамии бархе кишварҳои дигар низ шояд ҳамин итминон аст, ки варзишкоронаш аз Лондон дасти холӣ бар хоҳанд гашт ва табъан даъвои ҷоиза ҳам нахоҳанд кард.

Ҷадвали ваъдаҳои давлатҳо ба варзишкорон (бо доллар)
Кишвар Барои тило Барои нуқра Барои биринҷӣ
Амрико 50 000 36 000 24 000
Арманистон 50 000 36 000 24 000
Афғонистон 20 000 15 000 10 000
Беларус 150 000 75 000 50 000
Босния 63 000 47 300 25 700
Бритониё 0 0 0
Ироқ 90 000 67 000 44 000
Молдова 57 00 40 650 24 400
Озарбойҷон 510 000 255 000 128 000
Покистон 107 500 53000 32 250
Русия 125 000 75 000 50 000
Тоҷикистон 66 500 55 000 44 000
Туркманистон 0 0 0
Узбакистон 100 000 75 000 50 000
Украина 100 000 70 000 50 000
Қазоқистон 250 000 150 000 75 000
Қирғизистон 200 000 150 000 100 000
XS
SM
MD
LG