Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошингтон ба Кобулу Исломобод сафирони нав фиристод


Бинои вазорати умури хориҷии Амрико.
Бинои вазорати умури хориҷии Амрико.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико сафирони нави ин кишвар дар Афғонистон ва Покистонро таъйин кард.

Хабаргузории Фаронса ба нақл аз баёнияи Кохи Сафед гузориш дод, ки Барак Обама, Ричард Олсон-сафири пешини ин кишвар дар Аморати Муттаҳидаи Арабиро ба унвони сафири ҷадиди Амрико дар Покистон таъйин кард.

Камерон Мунтер, сафири пешин ҳудуди ду моҳ пеш дар пайи бурузи танишҳо миёни Амрико ва Покистон истеъфо дод.

Ҳамин гузориш меафзояд, Ҷеймс Каннингтон - низ, ки муовини сафири Амрико дар Афғонистон буд, ҷойгузини Раян Крокер мешавад, ки ба далели беморӣ хостори канорагӣ шуда буд.

Тибқи гузоришҳо, акнун сафирони нав нерӯҳои Амрикоро барои хуруҷ аз Афғонистон дар соли 2014 омада мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҷуз сафирони муқим, барои ин ду кишвар фиристодаи вижаи худро низ дорад ва Марк Гроссман, дипломати аршади вазорати умури хориҷии Амрико дар вазифаи фиристодаи вижаи ИМА дар Афғонистону Покистон, анҷоми вазифа менамояд.

Марк Гроссман ба ҷойи дипломати маъруф Ричард Ҳолбрук, ки охири соли 2010 аз олам даргузашт, фиристодаи Амрико дар Афғонистону Покистон таъйин шуд. Обама Ҳобрукро дар соли 2009 фиристодаи вижа барои Афғонистон ва Покистон таъйин карда буд.
XS
SM
MD
LG