Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳашт даста дар 1/4 финали Ҷоми Тоҷикистон-2012


Рӯзҳои 14-ум ва 15-уми июл бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 баргузор шуданд.

Се бозии ҳаштякниҳоӣ рӯзи шанбе барпо гардид. Дастаҳои “Энергетик”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахти кишвар рақобат карданд.

Шодибек Ғаффоров, ҳамлагари “Энергетик”, дар дақиқаи 12-ум ҳисобро боз кард. Баъди ҳафт дақиқа Течӣ Соломон, легионери африқоии “Равшан”, ҳисобро баробар намуд. Нӯъмонҷон Ҳакимов, ҳамлагари “Равшан”, дар дақиқаи 78-ум голи дувуми меҳмононро ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, ки бозии аввал дар шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи «Энергетик» анҷом ёфта буд. Бинобар ин барои муайян кардани ғолиб 30 дақиқа замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) таъйин шуд. Абдусамад Ҳоҷибоев, бозигари “Энергетик”, дар дақиқаи охирини вақти иловагӣ (119-ум) аз масофаи тахминан 35 метр зарбаи ҷаримавӣ зад. Тӯбро Рустам Ризоев, дарвозабони “Равшан”, баргардонида натавонист ва он вориди дарвоза шуд. Ин гол тақдири бозиро ҳал кард ва душанбегиҳо ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Дар бозии дигари ҳаштякниҳоӣ дастаи “Хайр»-и Ваҳдат бар тими мизбон - «Далерон»-и Истаравшан бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Бозии аввал миёни ин ду даста дар шаҳри Ваҳдат бо пирӯзии “Хайр” бо ҳисоби 1:0 поён ёфта буд. Аз ин рӯ “Хайр” ба чорякфинал баромад.

Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа ва ССКА “Помир”-и Душанбе дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и маркази вилояти Хатлон бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол ба охир расид. Дар бозии аввал ССКА “Помир” дар майдони худ бо ҳисоби 2:1 ғолиб шуда буд, бинобар ин ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоиро ба даст овард.

Алиёр Ашӯрмамадов, сармураббии дастаи ССКА
Алиёр Ашӯрмамадов (аз чап) ва Салоҳиддин Ғафуров
Алиёр Ашӯрмамадов (аз чап) ва Салоҳиддин Ғафуров
“Помир”, баъди анҷоми ин бозӣ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “мо медонистем, ки дастаи “Вахш” пурқувват аст ва дар ҳайати он ҷавонон бозӣ мекунанд. Мо ба бозии ҷавобӣ ба таври ҷиддӣ омодагӣ дидем ва хатти дифоъро мустаҳкам кардем. Бозӣ, умуман, шавқангезу пуршиддат сурат гирифт ва ба мо писанд омад. Натиҷаи бозӣ моро қаноатманд мекунад, зеро ки нақшаамон иҷро шуд. Дар даври чаҳорякниҳоӣ бо дастаи “Истиқлол” мекӯшем, ки бозии хуб нишон диҳем ва қусури бохти бозии давраи аввали мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишварро барорем. Ва, албатта, ҳама чиз аз натиҷаи бозии аввали чаҳорякниҳоӣ бастагӣ дорад.”

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи “Вахш”, иброз дошт, ки “мо дар нимаи аввали бозӣ се вазъияти садфоизаи голзанӣ доштем, вале аз онҳо истифода карда натавонистем. Дар қисми дуюм бозии ҳарду даста баробар буд. Дастаи мо ба бисёр хатоиҳо роҳ дод. Бозигаронамон хеле монда шуда буданд. Аз ҳамин сабаб мо ғалаба карда натавонистем. Дастаи ССКА “Помир” имрӯз нағз бозӣ кард ва бештар ба хатти ҳимоя диққат дод. Ин натиҷа барои онҳо ғалаба ҳисоб мешавад. Барои он ки онҳо ба даври дигар гузаштанд.”

Сӯҳбати Алиёр Ашӯрмамадов ва Салоҳиддин Ғафуров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
Линки мустақим

Рӯзи якшанбе дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар меҳмонӣ бар тими «Истаравшан»-и Истаравшан бо ҳисоби бузурги 4:0 ғалаба кард. Бозии аввал низ бо пирӯзии футболбозони шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 4:1 ба охир расида буд. “Регар-ТадАЗ” ба даври баъдӣ роҳ ёфт.

Вале дастаи РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон)-и Душанбе ба бозии ҷавобии ҳаштякниҳоӣ бо тими “Зарафшон”-и Панҷакент ҳозир нашуд. Бозии аввал дар Душанбе бо ғалабаи панҷакентиҳо бо ҳисоби 3:1 анҷом пазируфта буд. “Зарафшон”, ки дар бозии ҷавобӣ бо натиҷаи техникӣ ғолиб дониста шуд, ба чаҳорякфинал баромад.

Натоиҷи бозиҳои ҷавобии ҳаштякниҳоӣ чунин аст:

«ДАЛЕРОН» (Истаравшан) - «ХАЙР» (Ваҳдат) -1:3
Варзишгоҳи “Родник”-и ноҳияи Спитамен.
Голҳо: Ҷалолов, 8 (1:0). Мирзобек Мирзоев, 68 (1:1). Мирзобек Мирзоев, 72 (1:2). Обидҷон Исмоилов, 89 - аз пеналтӣ (1:3).
Натиҷаи бозии аввали 1/8-ниҳоӣ: 0:1.

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «РАВШАН» (Кӯлоб) - 2:2
Варзишгоҳи "Авиатор"-и шаҳри Душанбе.
Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 12 (1:0). Течӣ Соломон, 19 (1:1). Нӯъмонҷон Ҳакимов, 78 (1:2). Абдусамад Ҳоҷибоев, 119 (2:2).
Натиҷаи бозии аввали 1/8-ниҳоӣ: 2:1.

«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - ССКА «ПОМИР» (Душанбе) – 0:0
Варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа.
Натиҷаи бозии аввали 1/8-ниҳоӣ: 1:2.

«ЗАРАФШОН» (Панҷакент) - РТСУ (Душанбе) - +:- (техникӣ)
Натиҷаи бозии аввали 1/8-ниҳоӣ: 3:1

«ИСТАРАВШАН» (Истаравшан) - «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) – 0:4
Варзишгоҳи “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов.
Голҳо: Фаррух Чориев, 14 (1:0). Баҳодур Шарифов, 16 (2:0). Аскар Равшанов, 21 (3:0). Ҷамшед Исмоилов, 80 (4:0).
Натиҷаи бозии аввали 1/8-ниҳоӣ: 1:4

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинобар мушкилоти молӣ бо мактуби расмӣ ба унвони ФФТ аз ширкат дар Ҷоми Тоҷикистон-2012 даст кашида буд.

Вале дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ барои иштирок дар бозиҳои ҳаштякниҳоӣ ҳозир нашуданд. Бар асоси муқаррароти мусобиқот ҳарду даста бо натиҷаи техникӣ ё фаннӣ мағлуб дониста, раҳбарони бошгоҳҳои футболи “Хуҷанд” ба маблағи 5 000 сомонӣ ва “Кӯктош” ба маблағи 2500 сомонӣ муҷозот шуданд.

Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, “Гвардия”-и Душанбе ва “Ҳосилот”-и Фархор бошанд, бидуни рақобат ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Ҳамин тариқ, дар даври чаҳорякниҳоӣ “Хайр”-и Ваҳдат бо “Энергетик”-и Душанбе, ССКА “Помир”-и Душанбе бо “Истиқлол”-и Душанбе, «Гвардия”-и Душанбе бо “Зарафшон”-и Панҷакент ва «Ҳосилот”-и Фархор бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат мекунанд.

Бо тасмими Федератсияи футболи кишвар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2012 рӯзи 5-уми октябри соли равон дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд барпо мегардад. Ба дастаи ғолиб 30000 сомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20000 сомонӣ супурда хоҳад шуд.
Сӯҳбати Алиёр Ашӯрмамадов ва Салоҳиддин Ғафуров
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG