Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраи бозомӯзии доварони футбол “Футуро-3” дар Душанбе


Бар асоси лоиҳаи Конфедератсиюни футболи Осиё (AFC) “Футуро-3” дар Душанбе семинар ё давраи бозомӯзии доварони футбол шурӯъ шуд.

Ба семинар Виктор Колпаков, мушовири FIFA, сардори департаменти доварони Федератсиюни футболи Қирғизистон, раҳбарӣ мекунад. Дар доираи баргузории давраи бозомӯзӣ, барои доварони тоҷик машғулиятҳои амаливу назариявӣ баргузор мешаванд.

Дар рӯзи кушоиши семинар Фирдавс Файзуллоев, дабири кулли Федератсиюни футболи Тоҷикистон, аҳамияти давраи бозомӯзиро барои доварони тоҷик таъкид намуд ва аз намояндаи FIFA изҳори сипос кард.

Виктор Колпаков, дар навбати худ, изҳори боварӣ намуд, ки семинар ҳам барои ташкилкунандагонаш – кумитаи доварону нозирони ФФТ ва ҳам барои ширкаткунандагонаш, бахусус, доварони ҷавоне, ки бозиҳои мусобиқаи Лигаи олии Тоҷикистонро ҳакамӣ мекунанд, муфид хоҳад буд. Семинари доварон то рӯзи 13-уми июл идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG