Пайвандҳои дастрасӣ

Сардовари бозии ССКА “Помир” - “Вахш” муҷозот шуд


Парвиз Муртазоев, довари футбол аз Душанбе, ду моҳ аз ҳаққи доварии бозиҳои лигаҳои олӣ ва якум, ҳайатҳои ҷавонон ва Ҷоми Тоҷикистон маҳрум шуд.

Ин тасмим дар комиссиюни санҷишии нозирону доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон гирифта шуд.

Ба иттилои раиси ин комиссиюн Мирзо Мамадҷонов бар асоси сабти навори бозии ҳаштякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои ССКА «Помир» (Душанбе) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа), ки рӯзи 7-уми июл дар Душанбе, дар варзишгоҳи Бошгоҳи маркази варзишии артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон баргузор шуд, сардовари ин бозӣ Парвиз Муртазоев барои хатоҳояш, ки ба натиҷаи бозӣ таъсир расонд, ба мӯҳлати ду моҳ аз ҳаққи доварӣ маҳрум гардид.

Шикояти бошгоҳи футболи ССКА “Помир” баррасӣ шуд ва маълум гардид, ки сардовар дар дақиқаи 19-уми бозӣ ба дарвозаи дастаи мизбон – ССКА “Помир” норуруст ҷаримаи 11-метра таъйин намудааст. Ва ин иштибоҳи ҷиддии сардовар ба натиҷаи ниҳоии бозӣ асар кардаст.

Инчунин бо қарори ҷаласаи кумитаи назорату интизоми ФФТ капитани дастаи ССКА “Помир” Раҳматулло Фузайлов, ки дар ин бозӣ муқобили доварон бадқасдона рафтор кардааст, аз ҳаққи ширкат дар 4 бозии Ҷоми Тоҷикистон маҳрум ва ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG