Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 258 имтиёз миёни тимҳои миллии ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ аз Туркманистон, Молдова, Қазоқистон ва Қирғизистон пеш аст.
Мавқеи дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 13.Русия (дар ҷойи 13-ум буд). 46.Украина (52). 55.Арманистон (51). 57.Эстония (54). 65.Узбакистон (66). 72.Латвия (76). 77.Беларус (69). 90.Литва (88). 97.Гурҷистон (95). 108.Озарбойҷон (112). 124.Тоҷикистон (129). 137.Туркманистон (138). 139.Молдова (140). 147.Қазоқистон (141). 196.Қирғизистон (196).
Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA бо 1691 имтиёз байни 208 тими миллӣ дар ҷойи аввал аст. Олмон бо 1502 имтиёз дар ҷои дувум ва Уругвай бо 1297 имтиёз дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Инглистон, Португалия, Италия, Аргентина, Ҳолланд, Хорватия ва Дания ҷойгир шудаанд.
Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар ҷои 17-ум қарор дорад. Даҳ дастаи беҳтарини Осиё инҳоянд: Ҷопон (дар феҳристи ҷаҳонӣ 20-ум), Австралия (23), Кореяи Ҷанубӣ (28), Эрон (50), Узбакистон (65), Чин (68), Ироқ (81), Урдун (84), Кувайт (93) ва Умон (96).
Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.
Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ҷорӣ шудааст. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар чаҳор соли охир дода мешавад. Феҳристи ояндаро FIFA 8-уми август нашр хоҳад кард.