Озарбойҷону Гурҷистон аризаи муштарак барои баргузории бозиҳои қаҳрамонии Аврупо оид ба футбол дар соли 2020-ро FIFA, Федератсиюни байнулмилалии футбол, ироа карданд. Ин ариза дар конгресси FIFA, ки дар шаҳри Будапешт идома дорад, аз сӯи Дабири кулли Федератсияи футболи Озарбойҷон Элхан Мамедов муаррифӣ шуд.
Моҳи март Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, дар суханронӣ дар парлумони Озарбойҷон пешниҳод намуд, ки ҳарду кишвар барои дарёфти ҳаққи мизбонии чемпионати Аврупо оид ба футбол дар соли 2020 талош кунанд.
Аз ин пеш Боку, пойтахти Озарбойҷон ва Доҳа, пойтахти Қатар аз феҳристи довталабони баргузории Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2020 берун карда шуданд.