Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустами Эмомалӣ ба Будапешт меравад


Рустами Эмомалӣ, раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон, дар кунгураи 62-юми FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол), ки рӯзҳои 24-25-уми май дар Будапешти Маҷористон баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар ин кунгура, ки бо ширкати намояндагони 208 созмони миллӣ – аъзои FIFA доир мешавад, дар назар аст дар Оинномаи Федеросиюни байнулмилалии футбол баъзе тағйирот ворид карда шавад. Аз ҷумла, мизбонони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон на дар кумитаи иҷроияи FIFA, балки дар кунгураи Федеросиюни байнулмилалии футбол интихоб мешаванд. Ҳамчунин интихоби мизбонони ду мусобиқаи ояндаи қаҳрамонии ҷаҳон дар як вақт манъ хоҳад шуд. Инчунин ба ҳайати кумитаи иҷроияи FIFA узви 25-ум интихоб мешавад, ки ӯ зан хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG