Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шумораи қалбакӣ" пулисро ба боздоштгоҳ бурд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Як масъули Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ходимони гурӯҳи фаврии вазорати умури дохилӣ дастгир шудааст.

Тибқи иттиллои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, бозраси давлатии Шӯъбаи бақайдгирӣ-имтиҳонотии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ Бахтиёр Назаров барои ба истифода додани «шумораи қалбакӣ», яъне номери давлатӣ, боздошт шудааст.

Ба иттиллои ин манбаъ, дар ҷараёни бурдани корҳои фаврӣ аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, автомашинаи тамғаи «Тайота» боздошт карда мешавад, ки дар он шумораи қалбакӣ насб шудааст. Ҳамин манбаъ афзуд, ки тафтишот исбот мекунад, ки ин шумора ва ё номери давлатӣ аз қайди Раёсати бозрасии давлатии автомобилии вазорати корҳои дохилӣ бароварда шуда ва ин рақами давлатӣ дар китоби нобудсозии аломатҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ҳамчун рақами нобудсохта сабт гардидааст.

Аммо дар асл он аз ҷониби бозраси давлатии Шӯъбаи бақайдгирӣ-имтиҳонотии Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ Бахтиёр Назаров ба шахсони ба тафтишот номаълум барои истифода ва соҳибдорӣ ба таври ғайриқонунӣ дода шудааст.

Ба таъйиди ҳамин манбаъ, дар ҳоли ҳозир нисбати Бахтиёр Назаров бо моддаҳои 314 қисми 3, яъне ҷинояти «сӯиистифода аз вазифаҳои хидматӣ, ки аз 5 то 10 сол бо маҳрум кардани ҳуқуқ ба ишғоли мансабҳои алоҳида то 5-соли ҷазоро пешбинӣ мекунад ва 323-и Кодекси Ҷиноятии Тоҷикистон, яъне «ворид кардани маълумоти бардурӯғ ба асноди расмӣ», ки ҷазоро дар шакли ҷарима то 500 нишондиҳанда ё корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати аз 1 то 2 сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ то ду солро муқаррар кардааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
XS
SM
MD
LG