Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвирҳои гӯёи духтаре безабон...


Ӯ забони лол дорад, аммо тасвирҳое офарида, ки ҳолати рӯҳии ӯро равшан бозгӯ мекунанд.

Мавҷуда, ҷавондухтари 31-сола сураткаширо танҳо як роҳи баён намудани андешаву афкор ва рози ботиниаш медонад. Дар сӯҳбате, ки бо воситаи ишораи дасту ангуштон бо ӯ анҷом додем, мегуфт, то ҳол аз ҳисоби ин касб даромади кофие надида, вале наметавонад, онро тарк гӯяд.

То чор соли пеш Мавҷуда дар шӯъбаи меъмории шаҳри Кӯлоб аз лозимтарин мутахассис буд, зеро тамоми лоиҳаҳоро бо маҳорати хос бо дастонаш мекашид. Аммо ҳоло бо пайдо шудани компютер ва барномаҳои лоиҳакашӣ ҳунари ӯ дар ин даргоҳ дигар қадр надорад. Танҳо барои бархе аз мактабҳо расм мекашад ва бо даромади ночизе зиндагӣ мекунад.

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори маҳаллӣ, ки акси асосии китоби тозанашрашро бо номи "Рӯди пурхун" ин хонум кашидааст, ҳунари ӯро беҳамто арзёбӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, Мавҷуда расмҳое барояш кашид, ки дигар рассомони пуртаҷриба наметавонистанд, бикашанд: "Аз ҳунари ин духтар дар ҳайрат мондам. Хеле ҳайронам, ки чаро истеъдодашро истифода намебаранд. Бесоҳиб аст, аммо агар ӯро соҳибӣ кунанд ва кӯмак намоянд, беҳтарин рассом хоҳад шуд."

Мавҷуда дар ҳар мавзӯе, ки фармоиш мешавад, метавонад, расм бикашад. Аммо расмҳое, ки худ меофарад, духтари танҳоеро инъикос мекунад, ки дунёи рангину дастнорас дорад. Ҳоло Мавҷуда садҳое аксе дорад, ки ба гуфтае сиёҳнависанд ва барои тозанавис кардани онҳо рангу бори зиёде лозим мешавад, ки ӯ тавоноии харидории онҳоро надорад.

Дар ҳамин ҳол, Худойназар Асозода, рассоми пуртаҷриба мегӯяд, ҳунари рассомӣ пурзаҳмат аст, аммо дар Тоҷикистон ба қадри он намерасанд: "Барои эҷоди як асари хуб ба камияш аз 1 то 2 ҳазор сомонӣ лозим мешавад. Рангҳои зиёд даркор аст, ки ҳоло арзиши баланд доранд. Аммо кӣ дар Тоҷикистон бо чунин нарх расм мехарад? Барои мо танҳо аз осорхонаҳо фармоиш медиҳанд, ки он ҳам бо маблағи ночиз. Рассомҳо зиндагии хуб надоранд."

Аммо бо ин вуҷуд, Мавҷуда умед дорад, рӯзе ҳунараш қадрдонӣ мешавад ва ӯ аз ин ҳисоб зиндагиашро беҳтар ба роҳ хоҳад монд.

Ин ҳам чанд аксе, ки дастони сеҳрофарини Мавҷуда кашидаанд:

XS
SM
MD
LG