Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рангҳои осорхонаи табиати Помир


Ба осорхонаи табиати Пажӯҳишгоҳи билогии Помир экспонати нав - ниҳоли пахта тӯҳфа гардид, ки онро мутахассисони пажӯҳишгоҳ дар гармхонаи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон парвариш намуданд.

Роҳбари осорхона ва мусаввир Аҳмади Мансур мегӯяд, ки дар осорхона зиёда аз 1200 намуди наботот ва ҳайвоноти минтақа гирдоварӣ шудааст, аммо ниҳоли пахтаро яке аз экспонатҳои нодири осорхона мешуморад.

Осорхонаи табиати Помир дар солҳои 1980 бунёд шуда, яке аз гӯшаҳои дидани ва зебои Боғи наботот маҳсуб мешавад. Экспонатҳои осорхона бо саъй ва кӯшиши кормандони илмии пажӯҳишгоҳ ва рассом Аҳмади Мансур гирд оварда шуданд. Намунаҳо аз эҷоди рассом ҷузъе аз ин осорхона ҳастанд.

Фаъолияти эҷодкорӣ ва чашми зебопарасти узви рассомони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмади Мансур аз назари бинандагони зиёди осорхона пинҳон намондааст. Шоир Назри Яздон эҳсосоташро дар дафтари ёддошти осорхона бо абёти зер чунин нигоштааст:

"Эй Бадахшон, боғи кӯҳистони ту сабзу гулободу пур аз нур бод,
Чашми зебоҷӯи ҳар фарзанди ту мисли чашми Аҳмади Мансур бод".


Аҳмади Мансур ёдовар мешавад, ҳангоме ки Назри Яздон аз осорхона дидан кард, бештари навиштаҷот ба забони русӣ буд, зеро талаби замон чунин буд, вале пас аз эроди шоир кӯшидааст, ки ин навиштаҷот ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони модарӣ гузошта шавад.

Аҳмади Мансурро бештар чун рассоми манзаранигор, ки аз зебоии табиати Бадахшон илҳом мегирад, мешиносанд. Аммо Аҳмади Мансур мегӯяд, шуури иҷтимоӣ ба эҳсосоти зебонигориаш таъсир гузоштааст ва дар эҷодаш мавзӯъҳои иҷтимоӣ бартарӣ доранд, ки умдатан бо забони табиати рангоранг гуфта шуданд.

Ба гуфтаи рассом, беҳтарин мусавварае, ки вай кашидааст, тасвири симои модараш аст. Аҳмад гуфт, модар яке аз нахустин омузгорони шаҳрро, ки бо унвони корманди шоиста қадр шудааст, бе китоб тасаввур намекунад ва симояи ин олиҳа дар дилаш ва рӯи коғаз бо ин ранг сабт шудааст.

Кӯҳҳои сарсафеди Помир дар тасвири рассом пири разшанзамиреро мемонад, ки бо ҷомаи сабзаш ба таври бебозгашт ва ройгон оби ҳаётро ба водиҳо мерасонад, ҳаёт ва сарсабзи мебахшад.

Рассом дар яке аз мусаввараҳо Тоҷикистонро ба баҳре шабеҳ додааст, ки шохобҳои он агарчанде ба парешонӣ мебаранд, вале боз ҳам ба асли хеш бармегарданд.

Дар Бадахшон 37 нафар омӯзишгоҳи рассомиро хатм кардаанд. Аммо то ба алҳол фақат 6 нафар ба касбаш содиқ мондаанд, ки Аҳмади Мансур яке аз онҳост. Ба гуфтаи рассом, касби онҳо худқурбонӣ талаб мекунад ва зери таъсири омилҳои иҷтимоӣ бештари онҳое, ки килки рассомиро дар даст доштанд, онро як сӯ гузоштанд ва ба корҳои дигар машғул шуданд.

Аҳмади Мансур тасмим дорад, ки дар назди осорхонаи табиати Помир ҳамчунин як мактаби ҳунарӣ таъсис диҳад, то ба ин васила битавонад дар рушди санъати тасвирии минтақа саҳм бигирад.

Чанде қабл дар осорхонаи Аҳмад ду ҳунарманд, рассом ва як шахси барояш азиз - писараш Самад Мансуров, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик, ки солиёни зиёд боз дар Маскав зиндагӣ дошта, дар филмҳои зиёд ба мисли «Кормелита» нақш бозидааст, бо ҳам вохурданд.
XS
SM
MD
LG