Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қибрис барои раҳоӣ аз ботлоқи қарз кӯмак пурсид


Қибрис, узви дигари минтақаи евро, барои раҳоӣ аз ботлоқи қарз аз Иттиҳодияи Аврупо дархости кумак кардааст.

Қибрис, боз як кишвари узви “минтақаи евро”, ба ботлоқи қарз ғӯтиданашро иқрор кард ва аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки ба имдодаш бирасад.

Аз ин пеш Юнон, Ирландия, Португалия ва Испания бар асари бӯҳрони қарзӣ хостори кӯмаки молиявии Иттиҳодияи Аврупо шуданд. Дар бораи дархости Қибрис расонаҳо рӯзи душанбе (25-уми июн) хабар доданд – ҳамон рӯз Оҷонси Fitch рейтинги кишварро то ҳадде поён бурд, ки аз таҳдиди варшикастагии иқтисоди Қибрис дарак медиҳад.

Ба иттилои Fitch, бонкҳои Қибрис барои раҳоӣ аз бӯҳрон ба 4 миллиард евро ниёз доранд, ки ин ба чаҳоряки тавлиди нохолиси кишвар дар соли гузашта баробар аст. Раисиҷумҳури Қибрис Деметрис Христофиас изҳор намуд, ки мушкили иқтисодии кишвар рӯзи сешанбе дар як нишасти изтирорӣ баррасӣ хоҳад шуд. Зимнан, қарор аст, аз 1-уми июл Қибрис раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро бар ӯҳда бигирад.

Рӯзи душанбе (25-уми июн) Испания ҳам расман хостори гирифтани қарз барои бонкҳои кишвар шуд. Мадрид аз Итиҳодияи Аврупо 100 миллиард евро қарз мехоҳад, созиши пешакӣ дар бораи ироаи ин қарз ҳосил шудааст.

Ба гуфтаи иқтисоддонҳо, дар сурати пойин рафтани қурби бурсҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ бонкҳои Испания ба 62 миллиард еврои иловагӣ ниёз хоҳанд дошт. Бӯҳрони қарз дар Испания дар ҳоле жарфтар мешавад, ки бекорӣ дар кишвар ба сатҳи болотарин - ба 25 дар сад расидааст.
Вале нахуствазири Испания Мариано Рахой ба бурунрафти кишвар аз бӯҳрон хушбин аст. Ӯ дирӯз зимни суханронӣ дар Мадрид гуфт, ки “дар ин давраи басо мушкил шояд баъзеҳо фикр мекунанд, имтиҳоне, ки моро домангир аст, имкони расидан ба ҳадафҳоямонро нахоҳад дод. Ин тавр нест. Мо медонем, ки ин имтиҳон як бахши роҳи мо барои берунрафт аз бӯҳрон аст. Вале мо бояд имтиҳонро пушти сар кунем ва барои ин аз ҳама чораҳо кор мегирем. Ягон монеъа моро аз роҳи интихобкарда барнамегардонад, мо ин роҳро то охир тай хоҳем кард.”

Дар ҳамин ҳол аз Юнон, дигар кишвари гирифтори бӯҳрони молиявӣ, хабар расид, ки вазири нави молия Вассилас Рапанос аризаи истеъфо навиштааст. Ба иттилои расмӣ, истеъфо на вазъи иқтисоди кишвар, балки бо вазъи сиҳати вазир бастагӣ дорад - ӯ рӯзи ҷумъа, ду рӯз баъд аз таъин шуданаш дар мақоми вазири молия, ба бемористон интиқол ёфт. Ҳанӯз маълум нест, ин мақоми калидӣ дар ҳукумати Антонис Самарасро кӣ ишғол хоҳад кард. Худи Самарас рӯзи душанбе баъд аз ҷарроҳии чашм бемористонро тарк намуд. Аммо ӯ бар асари маризӣ дар нишасти имрӯзаи Иттиҳодияи Аврупо, ки дар он бӯҳрони қарзии Юнон баррасӣ мешавад, ширкат нахоҳад кард. Ҳайати Юнонро дар ин нишаст раисиҷумҳур Каролос Популяс сарварӣ мекунад. Ба гуфтаи коршиносон, хатари аз минтақаи евро хориҷ шудани Юнон ҳанӯз аз байн нарафтааст.
XS
SM
MD
LG