Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷику қирғиз дар Исфара гуфтугӯ карданд


Ваъда шудааст, ба онҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро гаравгон гирифтаанд, ҷазои сазовор хоҳанд дод.

Мақомоти расмии Қирғизистон ваъда додаанд, ба онҳое, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро гаравгон гирифтаанд, ҷазои сазовор хоҳанд дод. Ҳайати мақомоти интизомии Қирғизистон бо раҳбарии Хурсанд Асанов, муовини вазири умури дохилии ин кишвар, рӯзи шанбе (23-юми июн) дар шаҳри Исфара нооромиҳо дар вилояти марзии Бодканд ва қазияи гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд.

Дар ин мулоқот ҷониби Тоҷикистонро сардори Раёсати умури дохилӣ, додситони Суғд ва раҳбарони ниҳодҳои интизомии Исфара намояндагӣ мекарданд. Қубатбек Айбашов, сухангӯи ҳукумати вилояти Бодканд дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: “Тарафи Қирғизистон ба ҳамкорони тоҷики худ дар бораи вазъ дар вилояти Бодканд, иттилоъ дода гуфт, ки дар ин ҷо назму тартиб барқарор шудааст ва онҳое, ки бар хилофи қонунҳои кишвар, шаҳрвандони Тоҷикистонро гаравгон гирифтанд, боздошт шудаанд ва бар асоси қонун сазои аъмоли худро хоҳанд дид. Ин гуна ҳодисаҳо набояд ба муносиботи дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя осеб расонанд.”

Мақомоти Қирғизистон ҳамчунин изҳори умедворӣ кардаанд, ки қазияи се қирғизи бо иттиҳоми қочоқи симоб боздоштшуда дар Тоҷикистон, дурусту бетарафона таҳқиқ мешавад. Баъди боздошти ҳамин се нафар чанд гурӯҳе аз ҷавонон тайи се рӯзи гузашта бештар аз 21 шаҳрванди Тоҷикистонро гаравгон гирифта, хостанд, то шаҳрвандони Қирғизистон раҳо карда шаванд. Аммо ҳамаи онҳо бо мусоидати мақомоти интизомии он кишвар беосеб раҳо карда шуданд.

Шариф Назаров, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷонибҳо тасмим гирифтаанд вазъи минтақаҳои наздимарзии Суғду Бодкандро таҳти назорат гирифта, сокинонро ба оромиву таҳаммулпазирӣ даъват кунанд, то ҳодисаҳои номатлубе мисли гаравгонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон такрор наёбад.

Раҳоии ронандаҳои тоҷик аз чанги сокинони Қирғизистон

Генерал Назаров мегӯяд, рӯзи 20-уми июн як гурӯҳи фаромиллӣ, иборат аз се сокини вилояти Бодканди Қирғизистон ва як сокини сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ёқубҷон Ҳомидов, ҳангоми қочоқи беш аз 90 кило симоб боздошт шудаанд. Ӯ гуфт, алайҳи боздоштшудагон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиши онро шӯъбаи тафтишотии Раёсати умури дохилии Суғд бар ӯҳда дорад. Ҳоло ин афрод дар боздоштгоҳи муваққат ё СИЗО-и шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешаванд.

Мақомоти Бодканд гуфтаанд, ки гаравгонгирии гурӯҳи тоҷиконро аксари мардуми Бодканд маҳкум мекунанд. Ба қавли онҳо, ин амал кори дасти гурӯҳи хурде будааст, ки раҳбарии онро фарзанду наздикони Икром Сиддиқов (Айтматович), яке аз боздоштшудаҳои қирғиз, ба дӯш доштаанд.
XS
SM
MD
LG